Боз  “Аждаҳои бузург” ба Тоҷикистон чашм ало мекунад?

 Нашрияи «Eureporter” навишт, ки Чин аз соли 2013 ба ин тараф дигарбора масъалаи даъвояш ба қисматҳои дигаре аз қаламрави Тоҷикистонро доман зада истодааст ва ин баҳс мояи ташвиш дар Тоҷикистон шудааст, ки Чин метавонад дар ниҳоят боз як пораи хоки Тоҷикистонро ба даст биорад.

Олга Малик, хабарнигор ва таҳлилгари мустақил дар матлабе бо номи «#China territorial claims cause unease in #Tajikistan” («Даъвои қаламрави Чин мояи ташвишҳо дар Тоҷикистон шудааст”) навишт, ”минтақаи Осиёи Миёна боз як бори дигар ба мавҷи ба истилоҳ «тааррузи Чин” рӯбарӯ мешавад. Баҳси даъвои эҳтимолии Чин ба бархе қисматҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистони муосир, ки дар соли 2013 оғоз ёфт, имрӯз дигарбора авҷ мегирад.”

Муаллиф менависад, дар поёни соли 2016 як гурӯҳи донишмандони Чин аз ҳукумати он кишвар хостаанд, ки барои таҳқиқи масъалаи таърихан ба Чин тааллуқ доштани бархе қисматҳои қаламрави Тоҷикистон иҷозат бидиҳад. Олга Малик менависад, ки ин мавзӯъ зимни сафари соли гузаштаи Зикриё Акрамӣ, мудири Пажӯҳишгоҳи таъриху археология ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ҳамкасбонаш ба Чин ва мубоҳисоти онҳо бо олимони чинӣ матраҳ шудааст.

Олимони Чин, бино ба гузориши «Eureporter”, анҷоми таҳқиқотеро пешниҳод кардаанд, ки метавонад сарзамини таърихии Чин будани бархе қисматҳои қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як қисми қаламрави Тоҷикистонро исбот кунад.

«Eureporter” менависад: «Дар пайи ин баҳсҳо олимони Чин анҷоми ҳафриёти археологӣ дар қаламравҳои мавриди баҳси Тоҷикистонро талаб кардаанд ва Донишгоҳи политехникии Шимолу Ғарбӣ, мустақар дар шаҳри Сиани Чин барои таъмини пурраи хароҷоти ин ҳафриёт изҳори омодагӣ кардааст.”

Дар марҳалаи аввал, менависад Олга Малик, ҷониби Чин мехоҳад китоби шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик”-ро ба чиноӣ тарҷума карда, аз дохили он далелҳоеро дар бораи таърихи навину бостонии Тоҷикистонро пайдо кунад, ки даъвои имрӯзаи олимони Чин дар бораи таърихан ба Чин тааллуқ доштани қисме аз қаламрави Тоҷикистонро собит мекунанд.

Олга Малик меафзояд: «Дар марҳалаи баъдии ин барнома анҷоми ковишҳои археологӣ дар дараи Бешкент ва дар Данғара, ки дар онҷо теъдоди зиёди осори марбут ба ҳукумати бостонии Юэчжи (асрҳои як ва дуи то мелод) ёфт шудаанд, дар назар гирифта шудааст. Юэчжи як бахш аз гурӯҳи қавмии чиноист, вале бисёре аз донишмандон онҳоро иштибоҳан аз мардуми Юнон мешуморанд.”

«Eureporter” менависад, муаррихон ва донишмандону археологҳои Тоҷикистон дар ташвишанд, ки «бо дарназардошти пештозии иқтисодӣ ва сиёсиии Чин ва ҳукмаш болои Тоҷикистон, Чин дар ниҳояти амр дар роҳи ба даст овардани қаламрави Тоҷикистон муваффақ хоҳад шуд. Вале сиёсати тааррузгаронаи Чин аз танҳо задафи барқарор кардани адолати таърихӣ хеле фаротар меравад: Сарзаминҳои баҳсие, ки Чин талаб дорад, саршор аз захираҳои тило ва дигар фулузоти қиматбаҳо ва маъданҳост.”

Дар ибтидои солҳои 2000-ум Тоҷикистон алакай 1100 километри мураббаъ аз қаламраваш дар кӯҳистони Бадахшонро ба хотири поён додан ба даъвоҳои марзӣ ба Чин дод. Дар Душанбе бо ишора ба инки Пекин дар ибтидо даъвои 27 ҳазор километри мураббаъ ё панҷяки хоки Тоҷикистонро дошт, нуқта гузоштан ба ин даъво дар баҳои 1100 километри мураббаъро «пирӯзии дипломатӣ” унвон карда буданд. Шодравон Сӯҳроб Шарипов, мудири собиқи Маркази таҳқиқоти стратегии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто гуфта буд, «агар мо ба шартҳои Чин розӣ намешудем, Чин метавонист то Хоруғро аз дасти мо бигирад.”

Гузориши «Eureporter” дар бораи даъвоҳои нави Чин ба қисме аз қаламрави Тоҷикистон дар ҳоле нашр шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонба таври ғайриинтизор дар нишасти «Як камарбанд – як роҳ”, ки бо ташаббуси Чин дар Пекин бо ширкати раҳбарони 29 кишвари дунё доир шуд, ширкат накард. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш танҳо вазири иқтисод ва сардори Хадамоти гумрук намояндагӣ карданд.

Чин дар як даҳсолаи охир ба сармоягузори рақами яки ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт ва ҳоло аз 2,3 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард, ё тақрибан нисфашро қарзҳои Чин ташкил медиҳанд. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2016 аз ҷамъи сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон 71 дарсадаш сармояҳои Чин будааст.

Иқтисоддонҳо аз қабл мегуфтанд, ки ин қарзу сармоягузориҳои саршори Чин табиати истеъморӣ доранд ва дар сурати кӯтоҳии Душанбе дар баргардондани ин қарзҳо Пекин метавонад хостаҳои худро болои Тоҷикистон бор кунад. Аз ҷумла бо талаби имтиёз барои кору зиндагии шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ваё даъвои қаламрави бештар аз ин кишвар.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *