Боз ба Тоҷикистон аз Полша табибон омаданд

Гуруҳи дигари табибон аз Полша ва коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дирӯз, 14 июн вориди Душанбе шуданд.  Ин ҳайат аз 9 нафар иборатанд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи ташрифи ин гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Шоми 6 июн низ гурӯҳи  табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон омада буданд. Дар доираи сафари худ табибони Полша ва коршиносони СУТ тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Қаблан бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 табибони  Ӯзбекистон ва Чин низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

 Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то соати 19:30 дақиқаи 14 июн дар Тоҷикистон 5035 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардидааст.  Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3409 (67,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд. Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 540 нафар зери назорати табибон қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *