Боз борону сел. Ҳушдори КҲФ ба сокинони Тоҷикистон

Рӯзҳои 29-30 май  дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон  омадани сел пешбинӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон гуфтааст, ки 29 май эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон,  Обихингов, Сурхоб, Вахш, Ёқсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои ҷоришаванда аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумита  аз шаҳрвандон  хоҳиш кардааст, ки  дар ин рӯзҳо ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд.

Ҳамзамон, ба диққати сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ расонида мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳои дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *