Боз чанд боздошт дар Агентии зидди коррупсия
Боздошти беш аз 10 мақоми собиқ ва ҳозираи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ду ҳафтаи ахир сарусадо ва суолҳои зиёдро ба вуҷуд овардааст.
Аммо то ҳол мақомот дар бораи ин боздоштҳо ва айби ин афрод расман хабар надоданд.
Манбаъҳои расонаҳо боздошти ҳадди ақал чаҳор нафар аз кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасдиқ карда, гуфтанд, ки Прокуратураи генералӣ алайҳи онҳо бар пояи моддаи “қаллобӣ” ва “суистифода аз мақом” айб эълон намудааст. Ин афрод аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳ қарор доранд.Аз ҷумлаи боздоштшудаҳо Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раис, Ҷамолиддин Муҳаммадзода – сардори раёсати ташкиливу нозиротӣ, Фирдавс Ниёзбадалов ва Фирӯз Холмуродзода – муфаттишони Агентӣ ҳастанд. Корманди дигари ин ниҳод Умед Камолов таҳти пайгард қарор гирифтааст. Мувофиқи хабарҳо, 17 нафар боздошт шудаанжд, ки мақоми ҳамаи онҳоро зикр нагардидааст.
Дар Прокуратураи генералӣ гуфтаанд, ки Давлатбек Хайрзода – муовини собиқи раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон – чаҳор рӯз пеш дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, пеш аз парвоз ба Русия, боздошт шудааст. Давлатбек Хайрзода моҳи марти соли 2015 муовини раиси Агентӣ таъин шуда, бино ба иттилоъҳо, як моҳ пештар ба нафақа баромада буд.Ҷамолиддин Муҳамамадзода, ки манобеъ боздошташро тасдиқ карданд, қаблан дар мақоми раиси Агентии зиддикоррупсия дар вилояти Хатлон кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта сардори раёсати ташкиливу нозиротӣ дар дафтари марказии Агентӣ таъин шуд. Вай дар соли 2013, замоне ки алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов парванда боз карда шуда буд, раёсати тафтишотии ин ниҳодро бар ӯҳда дошт.Номи Фирдавс Ниёзбадалов, яке аз муфаттишони парвандаи Зайд Саидов, низ чандин бор ба далели «бархӯрди номуносибаш» бо вакилони дифоъ расонаӣ шудааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили зиндонии Зайд Саидов, соли 2013 шикоят карда буд, ки дар ҳузури зерҳимояаш Ниёзбадалов ӯро латту кӯб намуда, дашномҳои қабеҳ додааст. Инчунин, Ниёзбадалов тафтиши парвандаи Фахриддин Зокиров, яке аз дигар адвокатҳои собиқи Зайд Саидовро, ки тобистони соли 2014 боздошт шуда буд, пеш мебурд.Ба сабаби онки мақомот расман дар бораи ин боздоштҳо суҳбат накардаанд, сарусадоҳо ва суолҳои зиёде халқ шудааст. Аз ҷумла, боздошти як гуруҳи бузурги кормандони Оҷонсӣ баёнгари чист? Оё инҳо ҳалқаи як занҷиранд? Ба чӣ муттаҳам мешаванд? Оё дар сурати тасдиқи айбнома парвандаҳои таҳти назорати онҳо дубора баррасӣ хоҳанд шуд ё не?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ