Боз чанд маротиба Гулмурод Ҳалимовро мекӯшанд?
Ин бори аввал нест, ки дар расонаҳои ҷаҳонӣ Гулмурод Ҳалимовро мекушанд ё захмӣ эълон мекунанд. Масалан, дар соли 2016 вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иттилоъ дод, ки собиқ афсари тобеаш дар Сурия ҷароҳат бардоштааст ва барои хоҷагонаш нолозим шудааст. Моҳи июни ҳамон сол расонаҳои Лубнон хабари марги Г. Ҳалимовро дар расонаҳои маҳаллӣ чоп карданд. Тибқи ин хабар, номбурда дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст, вале ба зудӣ ин хабар такзиб гардид. Моҳи апрели соли равон маҷалаллаи англисии “Тайм” эълон кард, ки собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон дар шаҳри Мавсил кушта шудааст. Дар баробари ин, маҷалла таъкид кард, ки ин бори сеюм аст, ки хабари марги Гулмурод Ҳалимов дар расонаҳо чоп мешавад. Ҳоло Гулмурод Ҳалимов танҳо нафарест, ки ӯро мисли Усома Бин Лодин мекушанду аз нав зинда мекунанд. Фақат маълум нест, ки ин куштанҳову зинда карданҳо чӣ қадар идома мекунанд. Танҳо чизе, ки ҳоло қотеъона гуфтан мумкин аст, ин аст, ки абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, алалхусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мехоҳанд аз шахсияти ӯ бренди наве ба ҷои Усома Бин Лодин бисозанд ва то замони пиёда кардани манфиатҳои худ номи ӯро мавриди манипулятсия қарор бидиҳанд.
ИЗҲОРОТИ ЗИДДУ НАҚИЗ
Рӯзи 7 октябри соли 2001 Амрико ҷанги зиддитеррористии худро дар Афғонистон шурӯъ кард ва эълон дошт, ки мақсадаш нобуд кардани Усома Бин Лодин, фармоишгари ҳамалоти террористӣ дар рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба Маркази ҷаҳонии тиҷорат ва Пентагон, ки дар натиҷа наздики 3 ҳазор нафар кушта шуданд, мебошад.
То ҷое, ки маълум аст, ба дунболи ин ҳаводиси фоҷиабор президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш эълон кард, ки агар Аморати исломии Афгонистон, ки дар раъси он лидерони Ҳаракати Толибон қарор доштанд, Усома Бин Лодинро ба Амрико таслим накунанд, он кишварро мавриди ҳамла қарор медиҳад. Аммо Толибон дар навбати худ талаб карданд, ки Амрико далелҳои мӯътамаде пешниҳод кунад, ки дар онҳо даст доштани Бин Лодин дар ин амалҳои террористӣ исбот мешавад. Худи террористи №1 эълон дошт, ки ба ин кушторҳои дастаҷамъӣ ҳеч иртибот надорад.
-Ман дар мавриди ин ҳамлаҳо қаблан ҳеҷ иттилое надоштам ва фикр намекунам, ки куштори занон, кӯдакон ва инсонҳои дигар кори муҳиме бошад. Ислом расондани заррарро ба занҳо, кӯдакон ва дигар инсонҳо қотеъона маҳкум мекунад, -изҳор дошт ӯ.
Ҳамид Мир, журналисти покистонӣ, ки се дафъа бо Бин Лодин мусоҳиба карда буд, мегӯяд, ки рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба ӯ як нафар аз номи шайх муроҷиат карда, гуфтааст, ки Бин Лодин ба ин амалиётҳои террористӣ рабте надорад. Баъдтар наворҳои видеоие пайдо шуданд, ки дар онҳо Усома бьин Лодин масъулияти ҳамлаҳои террористӣ ба Амрикоро ба зимаи худ мегирад, аммо баъдан маълум шуд, ки яке аз ин наворҳоро ду корманди Созмони ҷосусии Амрико таҳия карда буданд. Сарфи назар аз ин, Комиссияи махсусе дар Амрико таъсис ёфт ва баъди анҷоми таҳқиқот эълон шуд, ки дар ҳамлаҳои мазкур 19 нафар сокинони Арабистони Саудӣ ширкат карда буданд.
Ин ҳамлаҳои террористӣ дар миёни пажӯҳишгарони мустақил дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон суолоти зиёдеро ба вуҷуд оварданд, аз ин рӯ, китобҳое навишта шуданд, ки дар онҳо муаллифон натиҷаҳои кори комиссияро зери шубҳа қарор доданд, ҳарчанд ки солҳои баъдӣ зоҳиран Бин Лодин масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифт. Ин шубҳаҳо безамина ҳам набуданд, ба он хотир ки хонаводаи Бин Лодинҳо бо хонаводаи президент Ҷорҷ Буш солҳои тӯлонӣ ҳамкории тиҷоратӣ доштанд. Майкл Мур, коргардони машҳури амрикоӣ дар филми мустанади худ “Фаренгйет 9/11” ин наздикии ду хонаводаро таъкид мекунад. Аз ҷониби дигар, бархе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Усома Бин Лодин тарбиятдидаи Созмони ҷосусии Амрико буд ва тахаллуси ӯ дар замони ҷанг алайҳи Артиши шӯравӣ Тим Осман будааст. Тим Османи арабӣ дар оғози таҷовузи шӯравӣ ба Афғонистон ба Покистон меояд, то ки дар ҷиҳод алайҳи Артиши Иттиҳоди шӯравӣ саҳм бигузорад.
Тибқи бархе фарзияҳо Тим Осман зимни яке аз сафарҳои худ тобистони соли 1986 дар меҳмонхонаи Хилтон дар Шерман Оукси Иёлати Калифорния ҳамроҳи бизнесмен Ралф Оулсен бо собиқ кормандони Созмони ҷосусии Амрико Тед Ҳандерсон ва Майкл Риконошуто мулоқот кардааст. Дар бораи ин мулоқот маҷаллаи “American Free Press” дар моҳи январи ҳамон сол иттилоъ медиҳад. Дар ин хабар ҳамчунон таъкид мешавад, ки Тим Осман ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мусоидати Созмони ҷосусии Амрико сафар кардааст.
Баъди хурӯҷи Артиши шӯравӣ аз Афғонистон дар ибтидои солҳои 90-ум Усома Бин Лодин ба Арабистони Саудӣ бармегардад ва тибқи фарзияи маъмул бо хонадони шоҳӣ ба мухолифат мепардозад. Сабаби аслӣ гӯё ихтилоф сари масъалаи Ироқ будааст, ки дар тобистони соли 1990 диктатори Ироқ Саддом Ҳусейн дар натиҷаи таҷовузи бешармона ба кишвари ҳамсоя- Кувейтро зери тасарруфи худ дароварда буд. Гӯиё Бин Лодин ба шоҳи Арабистони Саудӣ пешниҳод карда бошад, ки барои озод кардани Кувейт аз зери дасти Саддом Ҳусейн арабҳои муҷоҳидеро, ки дар Афғонистон Артиши Сурхро шикаст дода буданд, истифода кунад.
Чаро шоҳи Саудӣ ҳозир нашуд, ки арабҳои муҷоҳидро дар муқобили Саддом Ҳусейн истифода кунад? Дар сурате, ки ба онҳо солона миллионҳо доллар барои ҷанги зидди шӯравӣ ҷудо мекард? Чанд сабаб вуҷуд дошт. Аввалан ва аксар диктаторони кишварҳои арабӣ шоҳ намехост, ки муҷоҳиддини дар ҷангҳо обутобёфта ба ватан баргарданд, зеро ин имкон вуҷуд дошт, ки алайҳи хонадонҳои салтанативу диктаторӣ, ҷиҳод кунанд. Дар навбати худ Кохи Сафед, муттаҳиди асосии кишварҳои салтанативу диктаторӣ дар кишварҳои мусулмонӣ ба ҳукумати Раббонӣ фишор овард, то ки арабҳоеро, ки дар ҷанги Афғонистон ширкат карда буданд, аз кишвар хориҷ кунад.
Бо ин кори худ Кохи Сафед аввалан интернатсионали исломиро, ки метавонист баъди шикасти Иттиҳоди шӯравӣ ба манфиатҳои Амрико зарба занад, барҳам зада, арабҳоро ба дигар минтақаҳои доғ равон кард, аз ҷумла ба Югославия, Тоҷикистон, Чеченистон ва ғ.
Муҳимтар аз ҳама, баъди хурӯҷи нирӯҳои Артиши Сурх аз Афғонистон бузургтарин ҳомии муҷоҳиддини ҷанги Афгонистон президенти Покистон генерал Зиё –ул –Ҳак ба таври мармуз дар як сониҳаи ҳавоӣ кушта шуд. Бархе коршиносон ҳадс мезананд, ки ин сониҳа кори дасти амрикоиҳо буд.
ДАР МУҚОБИЛИ ДӮСТОНИ СОБИҚ
То ҷое ки маълум аст, шоҳ Абдулазиз пешниҳоди Усома Бин Лодинро на танҳо напазируфт, балки барои ёрӣ ба Кохи Сафед муроҷиат кард ва ба зудӣ дар кишваре, ки Бин Лодин онро сарзамини муқаддаси мусалмонҳо ҳисоб мекард, пойгоҳҳои низомии Амрико сохта мешаванд. Коршиноси рус Б. Ключников дар мақолаи худ «Пул барои ҷиҳод» фарзияи дигареро пешниҳод мекунад. Тибқи ин фарзия, дар охири соли 1991 раиси хадамоти ҷосусии Арабистони Саудӣ шоҳзода Туркӣ ал-Файсал ва намояндагони созмонҳои ҷосусии Амрикову Покистон ба Бин Лодин мегӯянд, ки агар ӯ ба Ҳикматёр барои тасарруфи тоҷу тахти Кобул ёрӣ расонад, ҳамкориро бо созмони таъсисдодааш –“ал-Қоида” идома медиҳанд. Ҳамин тариқ, Бин Лодин ба Судон меравад, то ки аз онҷо фиристодани силоҳро ба Ҳикматёр ба роҳ монад, аммо дар тӯли 3 соли оянда Ҳикматёр наметавонад Кобулро зери тасарруфи худ дарорад.
Аз ин рӯ, Амрико ва муттаҳидинаш Ҳаракати Толибонро, ки як гурӯҳи комилан мутаассиби пуштунӣ буданд, ба арсаи сиёсӣ бароварда, онҳоро ҳамаҷиҳата кӯмак мекунанд, то ки қудрати сиёсиро дар Афғонистон ба дасти худ бигиранд. Бин Лодин, ки ба ин барнома иртибот дошт, тобистони соли 1996 аз Судон ба Афғонистон баргардонда мешавад ва ба яке аз маблағгузорони асосии Ҳаракати Толибон мубаддал мегардад ва ҳамин тариқ, дар муқобили ҳукумати Раббонӣ қарор мегирад. Аммо Усома Бин Лодин хуб медонист, ки президент Раббонӣ на танҳо як муҷоҳид, балки олими исломӣ низ буд ва инро хуб медонист, зеро шиносҳои наздик буданд. Аз ин рӯ, алайҳи ҳукумати Афғонистон қарор гирифтанаш фитна буд, на чизи дигаре. Ин иттиҳом, ки Раббонӣ аз Русия силоҳ мегирад ва муқобили душманони ҳукумати Кобул меҷангид, ҳаргиз маънои кофир шудани ӯро надошт, ончунон ки дӯстони нави Бин Лодин -“Толибон” мегуфтанд. Маълум аст, ки дар тамоми даврони ҷиҳод муҷоҳиддин ба шумули худи Бин Лодин аз кишварҳои гарбӣ ва ҳатто Чин силоҳ мегирифтанд, ки кишварҳои исломӣ набуданд. Агар Бин Лодин воқеан дар ибтидои солҳои 90-ум, баъди хурӯҷи Артиши Сурх аз Афгонистон ҷиҳод кардан мехост, пас ӯ бояд дар навбати аввал ба Фаластин мерафт? Ҷое, ки беш аз чор даҳа арабҳо ба муқобили режими сионистӣ мубориза мебурданд?
Устоди фаластинии ӯ Абдуллоҳ Азам, ки соли 1989 ба хатароти зиёде нигоҳ накарда ба Панҷшер сафар карда буд, бо фармондеҳи машҳури ҷиҳод Аҳмадшоҳи Масъуд шахсан мулоқот мекунад ва баъди бозгашт дар Арабистони Саудӣ суханрониҳо намуда, “Шери Панҷшер” –ро дар як саф бо Наполеон мегузорад. Усома Бин Лодин баъди баргаштан ба Афғонистон нахустин паёмҳои худро алайҳи Ғарб пахш мекунад. 2 моҳ баъдтар дар натиҷаи кӯмакҳои молии Бин Лодин Толибон Кобулро ишғол мекунанд ва ҳукумати Раббонӣ ба шимоли кишвар мекӯчад. Дар натиҷа, қисмати бештари Афғонистон ба пойгоҳи террористони байнамалмилалӣ мубаддал мегардад.
ИТТИЛООТИ ФАРОНСАВИҲО
Дар моҳи октябри соли 1998 Кохи Сафед расман эълон кард, ки амалиётҳои террористӣ дар назди сафоратҳояш дар Кения ва Танзания бо супориши Бин Лодин тарҳрезӣ шудаанд. Барои сари Усома 5 миллион доллар ҷоиза эълон шуд, ки ин ҷоизаи гаронтарин дар таърихи инсоният ба шумор мерафт. Ҳамчунин, Кохи Сафед чанд иншоотро дар Судон ва Афғонистон мавриди ҳамлаҳои ракетӣ қарор дод. Тибқи иттилооти худи амрикоиҳо Усома Бин Лодин дар Судон силоҳи химиявӣ истеҳсол мекардааст, вале ин дурӯғ буд.
Ва он лагереро, ки амрикоиҳо дар Афғонистон мавриди ҳамла қарор дода буданд, аллакай Бин Лодин намезист, бинобар ин, ба ӯ ҳеҷ зараре расонда нашуд. Кохи Сафед баъдан дурӯғи бузургтареро аз Созмони Милали Муттаҳид паҳн карда, гуфт, ки Саддом Ҳусейн, диктатори ироқӣ силоҳи ҳастаӣ сохтааст, бинобар ин, бояд саркӯб шавад. Дар ҳамин вақт, амрикоиҳо ва саудиҳо ширкати аргентинии Карло Бруноро, ки аз Осиёи Марказӣ газу нафти Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистонро ба Покистон интиқол диҳад, аз бозӣ бароварданд ва ширкатҳои худро вориди саҳна карданд.
Аммо огоҳони фаронсавӣ ба ин назаранд, ки Бин Лоддин то замони ҳамлаҳои террористӣ ба Вашингтону Ню-Йорк ҳеҷ гоҳ иртиботашро бо амрикоиҳо, алахусус бо Созмони ҷосусии он кишвар қатъ накарда буд. Тибқи иттилои нашрияи “Фигаро” дар моҳи июли соли 2001, яъне 2 моҳ қабл аз ин ҳамлаҳо Бин Лодин дар як беморхонаи низомӣ дар Дубай бо корманди Созмони ҷосусии Амрико мулоқот кардааст. Гӯbё дар тӯли 2 ҳафтае, ки терроисти №1 табобат мегирифт, ба аёдаташ на танҳо наздикону пайвандон, балки Туркӣ-ал-Файсал, раиси истихбороти Арабистони Саудӣ низ аёдат карда будааст. Амрико эълон кард, ки ин хабари дурӯғ аст, вале Радиои байналмилалии Фаронса дар вокуниш ба раддияи Амрико гуфт, ки бо Бин Лодин мушаххасан резиденти СРУ дар Аморати Муттаҳидаи Араб Кэллауэй мулоқот карда буд, ки баъди ифшои ин сир аз ҷониби франсузҳо ба таври оҷил ба ватан баргадонда шуд.
Рӯзномаи Guardian дар ин иртибот навишт, ки мулоқоти Бин Лодин бо корманди СРУ тавассути Туркӣ ал Файсал ташкил шуда буд ва мақсади ӯ ин будааст, ки Бин Лодин амалиётҳои душманонаашро ба муқобили амрикоиҳо қатъ кунад, аммо вохӯрӣ натиҷа надодааст. Аммо собиқ корманди ФБР, ки ба санадҳои комилан махфӣ дастрасӣ доштааст, мегӯяд, ки “ИМА то рӯзи 11 сентябри соли 2011 бо бин Лоди н иртиботи наздик дошт”.
Ба қавли ӯ, Амрико Бин Лодинро барои пиёда кардани амалиётҳои махсус дар Осиёи миёна, Кавказ ва Уйгуристони Чин истифода м ебурд. Моҳияти ин амалиётҳои махсус аз он иборат буд, ки ал Қоида ва Толибонро ба монанди муҷоҳиддини афғон ба муқобили душманони худ истифода барад.
МАРГИ МАРМУЗИ БИН ЛОДИН
Барандаи ҷоизаи Пулитсер, журналисти амрикоӣ Сеймур Херш ба ин назар аст, ки Бин Лодин ҳанӯз дар соли 2006 аз ҷониби созмони истихборотии Покистон дар Абатобод зиндонӣ шуда буд ва Исломобод мехост ӯро дар лаҳзаи даркорӣ ба ивази ягон хизмати муҳим фурӯшад. Вақте ки ин лаҳза фаро расид, як корманди Созмони ҷосусии Покистон маҳалли будубоши Усомаро ба ивази 25 миллион доллар ифшо кард. Дар натиҷа, амрикоиҳо низомиёни покистониро низ ҷалб карданд, то ки амалиёт бомуваффақ анҷом ёбад. Як корманди собиқи баландпояи артиши Амрико Печеник мегӯяд, ки куштори нафаре, ки Бин Лодин эълонаш карданд, намоишсозӣ буд, зеро террористи №1 дере нагузашта баъд аз ҳамлаҳои террористӣ дар моҳи сентябри соли 2001 вафот карда буд ва аз ин созмони ҷосусии Амрико ва президент Буш хабар доштанд. ӯ ба ин бовар аст, ки агар дар соли 2001 дар Абюбатобод ягон касро кушта бошанд, пас ин на Бин Лодин, балки нафари ба ӯ монанд будааст, ки махсус барои ҳамин саҳнасозӣ тайёр карда шуда буд.
То Печеник дар бораи марги бин Лоддин ба чандин бор дар расонаҳо афроди баландпоя иттилоъ дода буданд. Нахустин бор дар ин бора собиқ президенти Покистон Парвиз Мушарраф дар соли 2002 ба ширкати телевизионии CNN гуфта буд, ки террористи № 1 аз касалии гурда фавт кардааст. Дар моҳи июли соли 2002 Бин Лодинро директори ФБР Дейл Уотсон гӯронд. Моҳи бекабри соли 2002 вазири умури хориҷиа Покистон Хуршед Касири изҳор кард, ки Бин Лодин дар натиҷаи ҳамалоти низомии амрикоиҳо кушта шудааст;
Охири моҳи апрели соли 2005 дар сайти “Минбар ахл ас- сунна вал ҷамоа” дар бораи марги Бин Лодин хабар дод;
7 декабри ҳамон сол рӯзномаи “Дейли телеграф” бо истинод ба манобеи худ эълон дошт, ки Бин Лодин мурдааст;
Дар ҳамон сол яке аз рӯзномаҳои покистонӣ иттилоъ дод, ки ҳанӯз тобистони соли 2005 Бин Лодин дар Қандаҳор гӯр карда шудааст;
Як рӯзномаи ҳиндузабони Кашмир хабар пахш кард, ки шояд Бин Лодин дар заминҷунбие, ки дар ин минтақа рух дода буд, мурда бошад;
23 сентябри соли 2006 рӯзномаи фаронсавии L’Est Rupublicain гузориши махфиеро чоп кард, ки тибқи он Бин Лодин 23 августи соли 2006 аз домана фавтида аст;
Баъди хабари амрикоиҳо дар бораи куштани Бин Лодин дар Абатобод собиқ агенти СРУ Беркан Яшар дар мусоҳиба бо шабакаи 1 телевизиони Русия изҳор дошт, ки Бин Лодин 21 июни соли 2006 фавтида буд ва ҷасади ӯро 7 нафар дида буданд, аз ҷумла 2 амрикоии мусулмон, 2 англиси мусулмон;
Ба гуфтаи ин агенти СРУ дар маросими гӯрондани Бин Лодин, ки дар марзи Покистону Афғонисторн баргузор гардид, 3 чечени муҳофизаш ширкат доштанд;
Дар маъракаи пешазнтихоботӣ дар охири соли 2007 Беназир Бҳутто, собиқ сарвазири Покистон дар мусоҳиба бо бахши англисии «ал-Ҷазира» гуфт, ки Бин Лодинро нафаре бо номи Умар Шайх кушта буд:
21 декабри соли 2008 витсе -президенти Амрико Дик Чейни дар мусоҳиба бо ширкати телевизионии Fox News изҳор дошт, ки бовар надорад, ки Бин Лодин то ҳол зинда бошад;
Вазири истихбороти Эрон Ҳайдар Муслиҳӣ эълон дошт, ки Бин Лодин дар натиҷаи беморӣ пештар аз 2 маи соли 2011 вафот карда буд.
ӯ ҳатто гуфт, ки дар мавриди мурдани Бин Лодин санадҳо ва маълумоти дақиқ дар ин иртибот дар даст доранд. Марги мармузи Бин Лодин алалхусус баъди он суолоти хзиёдеро ба вуҷуд овард, ки аввалан, аксҳоеро, ки амрикоиҳо дар расонаҳо чоп карданд, аз интернет гирифта шуда буданд, сониян, ҷасади ӯро нишон надоданд.
АНҶОМ
Баъди пайвастани собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов дар соли 2015 ба ДОИШ Амрико тарбияти ӯро дар мактабҳои зиддитерористии худ расман тайид кард ва дар руйхати душманони худ шомил намуд. Дар тобистони соли 2016 барои сари собиқ полковники тоҷик ҷоизаи 3 миллиондолларӣ эълон шуд ва дуруст аст, ки ин гаронтарин ҷоиза барои намояндаи як гурӯҳи ифротӣ нест, чун барои сари бархеи дигар то 10 миллион доллар низ ваъда шудааст.
Аммо шояд номи ҳеҷ нафари дигаре ба истиснои Абубакри Бағдодӣ, роҳбари ДОИШ ба андозаи Ҳалимов расонаӣ нашуда бошад. Шояд ин ба он хотир бошад, ки мехоҳанд аз ӯ устураи наве ба монанди Бин Лодин, ки касе намедидаш, бисозанд. Инро ҳам истисно набояд кард, ки агар манофеи абарқудратҳо талаб кунад, собиқ сарҳанги тоҷик ба хабарсозтарин ҷеҳра мубаддал гардонда мешавад, зеро абарқудратҳо чунин имконотро дар ихтиёр доранд. Ба ҳар сурат, ҳоло мушкил аст гуфтан, ки расонаҳо чанд бори дигар Гулмурод Ҳалимовро мекушанду чанд бори дигар зинда месозанд, зеро ин вобаста аст, аз он ки пайдо шудани ӯ дар кадом минтақа барои манофеи онҳо фоидаовартар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ