Боз ду рӯзи пурбарфу хунук дар пеш аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сардии то понздаҳ дараҷаи зери сифр хабар дода ва гуфтааст, ин мавсим то 27 ноябр идома хоҳад кард.
Бар асоси иттилоияи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки 24 ноябр нашр шуд, «дар ин рӯзҳо эҳтимоли боридани барф, яхбандӣ ва дар минтақаҳои кӯҳӣ тармафароӣ вуҷуд дорад». Кумита дар идома аз «хатари гусастани хатҳои иртибототӣ ва интиқоли нерӯи барқ, расидани зарар ба аҳолӣ, инчунин, афзоиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ» огоҳ кардааст. Рӯзи 20 ноябр дар Тоҷикистон барф борида, ҳаво якбора сард шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ