Боз Эрдуғон президент шуд?

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, пирӯзияшро дар интихоботи президентӣ эълон кард ва гуфт, ки эътилофи таҳти раҳбарии Ҳизби адолат ва рушди ӯ бахши умдаи курсиҳои порлумонро ба даст овард.

Аммо мухолифон мегӯянд, ки ҳанӯз барои эълони натиҷаҳои интихобот барвақт аст.Интихоботи президентӣ ва порлумонии Туркия рӯзи 24-уми июн баргузор шуда, шаш нафар, аз ҷумла Салоҳиддин Димиртоши зиндонӣ, довталаби курсии президентӣ  буд. Бино ба гузориши манобеи расмии Туркия, 82-86 дарсади афроди қобили раъй дар интихоботи президентӣ ва 87 дарсад низ дар интихоботи порлумонӣ иштирок кардаанд. Дар Туркия тақрибан 60 миллион нафар аз ҳаққи раъй бархӯрдор аст. Эрдуғони 64-сола шаби якшанбе дар изҳороти кӯтоҳи телевизионӣ аз Истанбул гуфт, ки «миллати Туркия масъулияти раёсати ҷумҳурӣ ва маъмурияти иҷроиро ба ӯ супурдааст».Бар асоси охирин гузоришҳо, Эрдуғон аз 96 дарсади раъйи шуморидашуда то кунун эътимоди 53 дарсади интихобкунандаҳоро ба даст овардааст. Муҳаррам Инҷе, рақиби аслии Эрдуғон ва раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ то кунун 31 дарсади ороро соҳиб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *