Боз хонаи тоҷик хашми русҳоро овард
Ба оилаи Акрам Масаидов, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, ки чор фарзанд дорад, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов хона доданд. Гурӯҳҳои марбут ба миллатгароёни Русия дар Телеграм навиштанд, ки «дар Качканар ҳадди ақал 20 хонаводаи камбизоати рус дар навбат ҳастанд», вале «муҳоҷирони дирӯзӣ соҳиби хона мешаванд».
Тақдими хона ба ин оилаи тоҷик бори дигар баҳси тақдими хона ба “муҳоҷирони шаҳрвандигирифта”-ро доғ кард. Ин дафъаи дувум аст, ки тақдими хона ба зодагони Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез мешавад. Дар нимаи моҳи январи имсол дар шаҳри Митиши, наздикии Маскав, ба хонаводаи дигари зодаи Тоҷикистон — Таҳмина Самадова манзили зист тақдим карданд. Ин оила низ серфарзанд буд ва шиносномаи Русияро дошт.
Дертар мақомоти Русия зери фишори ҷомеа ва миллатгароҳо манзилро аз Таҳмина Самадова ва ҳамсараш Рамазон Раҳимов гирифта, онҳоро ба тақаллуб муттаҳам карданд. Дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир шуд.
Оилаи Масаидовҳо, ки соҳиби 4 фарзанданд, беш аз 10 сол пеш ба Русия рафта, чанде пеш бар асоси барномаи давлатӣ соҳиби хона шудааст. Ба иттилои ҳукумати маҳаллӣ, хонаводаи Масаидовҳо, ки чаҳор фарзандро тарбия мекунанд, тамоми меъёрҳои гирифтани шаҳодатномаро пурра иҷро кардаанд. Мақомот таъкид кардаанд, ки ҳеҷ асосе барои рад кардани ин ҳақи онҳо вуҷуд надорад.
Аммо гурӯҳҳои миллатгарои Русия навиштаанд, Акрам Масаидов аз соли 2019 барои гирифтани шаҳодатномаи манзил барои оилаҳои камбизоат дар навбат будааст. Ҳамагӣ 67 хонаводаҳои камбизоат барои гирифтани манзил худро сабт кардаанд ва Акрам дар ин рӯйхат дар ҷойи 59-ум қарор доштааст.
Ин тасмим дар миёни сокинони маҳаллӣ низ вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Онҳо эътироз кардаанд, ки “чаро ба номзаде, ки бумии Русия нест, дар навбати аввал манзил додаанд” ва онҳо, ки “даҳсолаҳо мешавад, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, дар интизори навбат ҳастанд”?
Ҳоло маълум нест, ки тақдири оилаи Акрам Масаидовҳо баъди фишори ҷомеа ва гурӯҳҳои миллатгароҳои Русия бо чӣ меанҷомад.
Зеро қазияи Таҳмина Самадова нишон дод, ки хашми миллатгароён метавонад бо нохушӣ анҷом пазирад.
Ҳамин аст, ки аксари корбарони тоҷик дар шарҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки “Ба оилаи тоҷик хона надиҳед, беҳтараш онҳоро ба ҳолашон гузоред”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ