Боз мотам! Генерал Ҳасанов даргузашт

Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва яке аз муфаттишони маъруфи тоҷик дар синни 67 – солагӣ олами фониро падруд гуфт.

Ҳасанов  як ҳафтаи охир дар хона табобат мегирифт ва ду рӯз қабл ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский” интиқол ёфт.

“Як сол пеш дар Бемористони Ибни Сино дар дилашон стенд монда буданд. Як моҳи қабл пизишкон маризии он касро маризии “илтиҳоби шуш” ташхис доданд. Рӯзҳои охир вазъашон ба вахомат гароид ва он касро ба шифохона интиқол доданд”, — гуфтааст яке аз наздикони  ӯ.

Қурбоналӣ Ҳасанов 30 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, мактаби миёнаи нопурраи зодгоҳашро хатм мекунад ва барои таҳсил ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент меравад.

Соли 1978 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленини Тоҷикистонро хатм кардааст. Як муддат муфаттиши оддӣ ва ёвари прокурор дар прокуратураи шаҳри Конибодом ва прокуратураи ҳарбии собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) буд. Пас аз он барои кор ба шаҳри Душанбе эъзом шуд. Соли 1991 Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, прокурори генералии Тоҷикистон дар Шӯрои олӣ эълом кард, ки алайҳи Мақсуд Икромов, собиқ шаҳрдори Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тафтиши ин парванда ба дӯши яке аз муфаттишони беҳтарини прокуратура — Қурбоналӣ Ҳасанов афтод. Аммо Мақсуд Икромов ҳеҷ гоҳ боздошт нашуд. Қурбоналӣ Ҳасанов соли 1996 ба Прокуратураи генералӣ омад ва сардори раёсати ташкили кор ва назорати иҷро таъин гардид. Як муддат сардори раёсати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура буд.

Он замон унвони генерал – майорро гирифт. Як муддат сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз ва шуъбаи назорати иҷрои қонунгузориии ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ буд. Соли 2005 ба нафақа рафт ва то охирин рӯзҳои зиндагӣ Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон машғули тадрис буд.Намози ҷанозаи Қурбоналӣ Ҳасанов соати 10 – и имрӯз, 15 октябр, дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *