Боз муҳоҷирони тоҷикро дастгир намуданд (Видео)

Рӯзи 30 ноябр нирӯҳои вижаи пулиси Русия дар бозори Кировскийи шаҳри Самара 146 муҳоҷири аксаран аз Тоҷикистон ва Узбекистонро тафтиш ва 48 нафари онҳоро боздошт карданд. Муҳоҷирон мегӯянд, рейди пулис ба як саҳнаи ҷанг монанд буд ва нирӯҳои саропо мусаллаҳ ва ниқобпӯшидаи ОМОН муҳоҷирони боздоштшударо мисли асирон қатор карданд.

Кормандони раёсати муҳоҷирати пулиси вилояти Самара ҳамроҳ бо нирӯҳои Росгвардия, ОМОН ва воҳиди вижаи «Гром” рӯзи 30 ноябр дар ду нуқтаи будубош ва кори муҳоҷирони хориҷӣ дар шаҳри Самара рейди махсус анҷом доданд.

Ибтидо субҳи 30 ноябр нирӯҳои пулис дар як хобгоҳ дар кӯчаи Калинин, ки дар он асосан шаҳрвандони Ветнам зиндагӣ мекунанд, 21 нафарро дастгир карданд.

Баъди чор соати рейд дар хобгоҳи кӯчаи Калинин нирӯҳои пулиси Самара ба бозори Кировский фурӯ рехтанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷике, ки бо сомонаи «Ахбор” сӯҳбат карданд, дар бозори Кировский кормандони ДПС ҳамаи роҳҳои фирор аз бозорро бастанд ва нирӯҳои Росгвардия, ОМОН ва «Гром” якҷо бо кормандони раёсати муҳоҷират раста ба раста гашта, асноди тамоми муҳоҷиронеро, ки дар бозори Кировский кор мекарданд, тафтиш кардаанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ин рейд ё «облава” ба як саҳнаи ҷангӣ монанд буд: «Нирӯҳои ОМОН ва «Гром” саропо мусаллаҳ буда, ба рӯ ниқоб кашида буданд ва чунин ба назар мерасид, ки ҷинояткорони хеле хатарнокро ҷустуҷӯ доранд. Дар асл касе намефаҳмад, ки барои тафтиши асноди муҳоҷирон чаро бояд бо автомату ниқоб биояд пулис? Чунон воҳимае карданд, ки мо фикр кардем, ягон ҳамлаи террористӣ шудааст. Муҳоҷирони боздоштшударо мисли асирони ҷанг дастҳо дар пушти якдигар дар як шеренга қатор карданд.”

Раёсати корҳои дохилии вилояти Самара мегӯяд, дар ҷараёни амалиёт дар бозори Кировский 146 нафар – аксар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ва ҳамчунин аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тафтиш шудаанд: «Онҳоеро, ки санадҳояшон дуруст буд, дар ҷояш ҷавоб доданд. 48 нафаре, ки мавриди гумон қарор гирифтанд, ба раёсати кор бо муҳоҷирон оварданд. То ин лаҳза муайян шудааст, ки замони сабти номи 4 муҳоҷир алакай гузаштааст ва онҳоро бояд дар зарфи 10 рӯз аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд. Патенти се муҳоҷири дигар низ қалбакӣ баромад.”

Бозори Кировский, воқеъ дар хиёбони Киров яке аз бузургтарин бозорҳои фурӯши либосу пойафзол дар шаҳру вилояти Самара ба шумор меравад. Дар бозори Кировский садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистон ба тиҷорат, боркашӣ, ошпазӣ ва таксиронӣ машғул мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *