Боз муноқишаи тоҷику қирғиз, барои замин
Шоми 22 июл ва субҳи 23 июл дар марзи байни ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон ва деҳаи Оқсойи Қирғизистон байни чӯпонҳои тоҷику қирғиз бар сари замини чарогоҳ ду маротиба занозанӣ шудааст. Тоҷикҳо қирғизҳоро сангборон кардаанд, чӯпонҳои қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Мақомот мегӯянд, касе дар ин занозаниҳо осеб надидааст ва вазъ ҳоло ором аст.
Ба иттилои як манбаъ аз Исфара хабар доданд, ки байни соатҳои 8 то 9-и шоми 22 июл дар маҳаллаи Сари Дашти деҳаи Ворух байни чӯпонҳои тоҷику қирғиз занозанӣ шудааст. Тоҷикҳо ба тарафи қирғизҳо сангандозӣ кардаанд ва чӯпонони қирғиз аз силоҳ тир кушодаанд.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, муноқишаи шоми 22 июлро мақомот ва сарҳадбонон зуд хомӯш кардаанд ва касе дар он занозанӣ осеб надидааст.
Субҳи 23 июл дар марзи Ворух бо деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон байни чӯпонони тоҷику қирғиз дубора занозанӣ шудааст. Ин занозаниро низ мақомот зуд фурӯ нишондаанд ва мегӯянд, ки ҳоло вазъ дар ин минтақа ором шудааст.
Деҳаи Ворух, яке аз бузургтарин деҳаҳои Исфара ҷазирақаламравест, ки аз чор тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон ҷойгир буда, ягона роҳаш ба деҳаи Хоҷаи Аъло аз дохили қаламрави ин кишвари ҳамсоя мегузарад.
Дар минтақаи Сари Дашт – маҳалли муноқишаҳои ахир – тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Сокинони Ворух минтақаи Сари Дашт ва дигар чарогоҳҳои баҳсӣ дар атрофи ин деҳаро қаламрави Тоҷикистон мешуморанд, вале сокинони Оқсой мегӯянд, ки ин заминҳо ба онҳо тааллуқ дорад ва чӯпонони тоҷик дар инҷо набояд чорвои худро бичаронанд.
Тақрибан як ҳафта боз дар марзи Ворух бо Оқсой баҳсҳои сокинон бар сари заминҳои чарогоҳ идома дорад.
Рӯзи 20 июл як гуруҳи марзбонони қирғиз вориди заминҳои баҳсии байни Воруху Оқсой шуда, талош карданд, ки сокинони Ворухро аз инҷо биронанд. Марзбонони қирғиз даъво кардаанд, ки ин заминҳо ба қаламрави деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон дохил мешаванд ва шаҳрвандони Тоҷикистон набояд дар ин заминҳо деҳқонӣ ё молбонӣ кунанд.
Дар натиҷа, байни сокинони Ворух ва марзбонони қирғиз муноқиша бархоста, мунҷар ба занозанӣ шудааст. Марзбонони тоҷик ва кормандони корҳои дохила ба ҷои ҳодиса расида, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони «Ахбор”, 4 марзбони қирғизро боздошт карданд. Ба гуфтаи ин манобеъ, рӯзи 20 июл кормандони шуъбаи дуюми корҳои дохилии Исфараро, ки қароргоҳаш дар Чоркӯҳ аст, низ мусаллаҳ гардонда, ба ҷои ҳодиса фиристоданд.
Мақомоти Исфара боздошти марзбонони қирғизро рад карда, гуфта буданд, ки рӯзи ҷумъа дар Ворух фақат як ҷангалбони қирғиз бо номи Абдулҳай ҳангоми дуздии чорвои сокинони Ворух дастгир шудааст. Абдулҳай ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ки ин чорво дар заминҳои марбут ба Қирғизистон чаронда мешуд ва ӯ чорворо барои таҳқиқи қазия бо худ бурданӣ буд.
Аммо рӯзи 21 июл Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон бо нашри як изҳорот тасдиқ кард, ки дар моҷарои рӯзи 20 июл 4 нафар — ду марзбони қирғиз ва ду шаҳрванди Қирғизистон — ҳангоми ҳаракат аз роҳи транзитии Кишмиш -Оқсой, ки аз дохили Ворух мегузарад, дастгир шудаанд.
Ин 4 нафарро шоми 20 июл дар пайи музокироти тарафҳо озод кардаанд, вале Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, «марзбонони тоҷик ҳангоми боздошт пархошҷӯёна рафтор карда, ба яке аз марзбонони қирғиз осеби сабуки ҷисмонӣ расондаанд” ва «дар ҷараёни мулоқот намояндаи Тоҷикистон барои рафтори низомиҳои тоҷик узр пурсид.”
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ба таври расмӣ занозаниҳои ахир ва ҳамчунин қазияи рӯзи 20 июлро шарҳ надодааст.
Ин муноқишаҳо бар сари заминҳои кишт ва чарогоҳҳоест, ки сокинони Ворух даҳсолаҳо боз истифода мебаранд. Аммо ҷониби Қирғизистон ин заминҳоро қаламрави худ мешуморад ва алакай чанд дафъа байни сокинон ва марзбонони ду кишвар бар сари ин заминҳо баҳсҳо сурат гирифта, ҳатто ба занозаниву тирпарронӣ печидааст.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт муноқишаҳо бармехезанд.
Бо гузашти қариб 27 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар байни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.
Шоми 4 июн марзбонони Қирғизистон 3 марзбони тоҷикро бо 4 автомати Калашников дар як қитъаи мавсум ба «Майдони футбол” дар марзи байни деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ва ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон дастгир карданд. Дар интернет видеое нашр шуд, ки бадрафтории ҷониби Қирғизистон нисбат ба ин сарбозони асирафтодаро нишон медод.
Ахиран мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки он се сарбозро ҷазо додаанд, чунки онҳо набояд худро бо силоҳҳояшон таслим мекарданд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, «Майдони футбол” қаламрави Тоҷикистон буд ва сарбозон бояд аз он дифоъ мекарданд.
Сомонаи «Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ