Боз нафаре хост милисаро беобрӯ кунад…

Агентии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия  дар Тоҷикистон боз як корманди Вазорати корҳои дохилиро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст, ки обруи ин ниҳодро мерехт.

Боздоштшуда Комилов Умед  мебошад, ки дар вазифаи ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор мекард.

Ӯ дар давоми фаъолияти корияш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гуё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Комилов Умед Одинаевич бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда боздоштшударо аз 54 то 87 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *