Боз нашъа дар Русия, боз «гунаҳгор» тоҷик…

Кормандони фаврии агентии зидди маводи мухаддири Русия дар пайи пешгирии ҳолати воридоти маводи мухаддир аз Тоҷикистон  аз  дохили халтаҳои сабзавот, аз ҷумла картошкаю пиёз дар натиҷаи  гузаронидани корҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ ба миқдори 20 кг маводи сахттаъсири нашъадор ёфта, мусодира карданд.
Чунончӣ,  Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия хабар медиҳад,  дар вилояти Новосибирск як гурӯҳи ҷиноии қочоқбарони маводи мухаддир безарар гардонида шуд. Дар пайи ин амалиёт наздик ба 20 кг маводи сахтаъсири нашъадор мусодира намуда шуд, ки  қочоқчиён мақсади дар Русия фурӯхтани онро доштанд.

 Зимни ин амалиёт маълум гардид, ки дар ин гурӯҳи калони қочоқчӣ 6 корманди Кумитаи амалиёти Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир ва як корманди Вазорати корҳои дохилаи ФР шомил буда, дар натиҷаи амалиёти оперативӣ дасгир шуданд. Дар баробари кормандони ин ниҳодҳои бонуфузи Русия 2 сокини шаҳри Новосибирск- Илхомҷон Шомирсаидов ва Дмитрий Корнев чун гумонбари ҳамкорӣ намудан бо ин гурӯҳи қочоқчӣ дастгир карда шуданд.

Мувофиқи ҳукми суд алайҳи ин ҷиноят новобаста аз хиёнат ба касби хеш кормандони ниҳоди  Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир ва як корманди Вазорати корҳои дохилаи ФР аз 4 то 13 сол ҳукми аз озодӣ маҳрум гирифтанду, танҳо Шомирсаидов Илҳомҷони тоҷик аз ҳама зиёд, яъне 14 сол аз озодӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 ҳазор рубли русӣ ҷаримабандӣ шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷинояткори асосӣ дар ин тафтишот на Шомирсаидов, балки корманди Вазорати корҳои дохилаии ФР дар вилояти Сибир- Борников дониста шуда, мавсуф ташкилотчӣ ва сардори ин гурӯҳи қочоқчӣ ба ҳисоб меравад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *