Боз номарде ҳамсарашро кушт

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Дустӣ, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаҳои 112, 116, 244 ва 375 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Номбурда, 17 феврали соли равон, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 23-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо дастаи чӯбини бел якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст.
Дар натиҷа, зани номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *