Боз оббозиву боз ғарқшавии кӯдакон
Бино ба иттилои ВКД 3-юми июни соли 2017, тахминан соати 11:30-дақиқа, писарбачаи 14-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Вахш”, аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
5-уми июни соли 2017, тахминан соати 14.00-дақиқа, писарбачаи 10-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Барои дарёфти ҷасади ноболиғ чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем,ки ВКД охири май иттилоъ дода буд, ки давоми 5 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 36 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд расидааст: «Чунин ҳодисаҳои нохуш бештар дар вилояти Хатлон (17 далел) ва вилояти Суғд (11 далел) рух додаанд».
Мақомот дар аксари ҳолатҳо далели ғарқшавии ноболиғонро беэҳтиётии онҳо ва оббозӣ дар ҷое, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудааст, арзёбӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ