Боз парвандаи ҷиноятӣ, ин дафъа нисбати Тӯрабек

Прокуратураи и шаҳри Душанбе бар асоси шикояти як муштарии ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” алайҳи раиси он Тӯрабек Охунов — бародари раиси пешин ва зиндонии ин ширкат Ҷӯрабек Охунов барои барнагардонидани 20 ҳазор доллар маблағ, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Парванда аз рӯи моддаи “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” боз шудааст. Аммо раиси кунунии ин ширкат бо тааҷҷуб аз ифтитоҳи парванда нисбати худаш мегӯяд, маблағи муштарии ширкатро дар соли 2009 роҳбарияти пешин гирифта буд ва ҳоло ҳайрон аст, ки чаро мақомоти тафтишотӣ нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ мегӯяд, бар асоси шикояти сокини кӯчаи Навоӣ Матлуба Мирзораҳимова дар нисбати раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтишот идома дорад.Парвандаи ҷиноӣ нисбати Тӯрабек Охунов дар ҳоле боз шуд, ки соли 2012 бо як қарори Суди  олии Тоҷикистон раиси пешини “Мовароуннаҳр” аз рӯи иттиҳоми қаллобӣ, пешбурди соҳибкории ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб моли худ кардани маблағҳои муштариён, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Ин парванда яке аз пурсарусадотарин моҷароҳои судӣ  бо ширкати ширкати азими сохтмонӣ дар Тоҷикистон буд. Баъди зиндонӣ шудани Ҷӯрабек Охунов, раҳбарияти ширкатро бародараш Тӯрабек Охунов ба ӯҳда гирифта буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *