Боз тоҷикбачаеро иттиҳоми тероризм дастгир карданд

Мақомоти амниятии Русия дар пайи ҳамлаи рӯзи 19 август дар ин шаҳр дастикам 10 нафар, аз ҷумла шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон Наимҷон Икромовро боздошт кардаанд. Наимҷон бо ҳамлагари Сургут Артур Гаҷиев қаблан дар коллеҷи политехникӣ ҳамсабақ будааст.

Хабарнигори махсуси радиои «Свобода” Сергей Хазов-Кассиа дар як гузориши вижа аз шаҳри Сургут хабар дод, ки мақомоти амниятии Русия дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 19 август дар ин шаҳр дастикам 10 нафарро бо гумони ҳамдастӣ бо ҳамлагар Артур Гаҷиев дастгир кардаанд. Дасти ҳадди ақал ду нафари онҳо – Илнар ва Усмон, ки ҳарду мисли Гаҷиев аз ҷумҳурии Доғистон ва аз қавми лезгин мебошанд, расман ба даст доштан дар ҳамлаи рӯзи 19 август дастгир шудаанд.

Яке дигар аз дастгиршудаҳо шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон Наимҷон Икромов будааст. Наимҷон Икромовро шаби 20 ба 21 август дар манзиле, ки ҳамроҳи хонаводааш дар Сургут ба сар мебурд, дастгир карданд.

Шерзод Икромов, бародари Наимҷон ба радиои «Свобода” гуфт, айби бародараш ин аст, ки дар коллеҷи политехникии Сургут бо Артур Гаҷиев дар як курс мехонад, вале мегӯяд ӯ, Наимҷон бо Артур на замони онҷо таҳсил карданаш ва на баъди ихроҷаш робита надошт.

Шаҳзод Наимҷон қисса кардааст, ки 4 корманди пулис ибтидо падари онҳоро дар кӯча, вақте бо як дӯсташ сӯҳбат дошт, завлона зада, сипас вориди хонаашон шудаанд ва ҳамаро ба рӯи фарш хобонда ва хонаашонро кофтукоб кардаанд.

Шаҳзод мегӯяд, кормандони пулис телефонҳои онҳо, асноди ғву модараш ва худи Наимҷонро бо худ бурданд. Онҳо гуфтаанд, ки иртиботаш бо Артур Гаҷиевро тафтиш мекунанду сар медиҳанд.

Вале аз он рӯз дигар аз Наимҷон Икромов дараке нест. Ӯ аз боздошт тавонистааст ба як дӯсташ занги кӯтоҳ зада, хабар бидиҳад, ки «маро дар инҷо азоб дода истодаанд, мехоҳанд ихроҷам кунам, ягон адвокат биёб.”

Вале вакили мудофеъ Сеймур Ханкишиев мегӯяд, то кунун натавонистааст бо муваккилаш дидор кунад ва ҳатто дақиқ намедонад, ки ӯ куҷост. Танҳзо чизе ки маълум кардаанд, ин аст, ки Наимҷон Икромовро феълан бо иттиҳоми авбошӣ ба 15 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд ва ба боздоштгоҳи муҳоҷирони хориҷӣ фиристодаанд.

Ҳомиёнии ҳуқуқ мӯътақиданд, ки ин иттиҳоми авбошӣ аз ҳаво тарошида шудааст ва ин 15 рӯз фурсатест, ки мақомот Наимҷон Икромовро ба додани баёнот дар бораи ҳамлаи Сургут маҷбур кунанд.

Рӯзи 19 август Артур Гаҷиев ибтидо гӯшаеро дар як фурӯшгоҳи шаҳри Сургут оташ зада, сипас дар атрофи хиёбони Ленин бо корд ба раҳгузарон ҳамла оварда, 8 нафарро захмӣ кард.

Дар ҷараёни таъқиб афсари пулис ба пушти Артур Гаҷиев тир холӣ кард ва ӯ дар ҷои афтодааш ба ҳалокат расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *