Боз як ҳамла дар Роштқалъа! Паланги барфиро ба қафас гирифтаву озод карданд

Дирӯз тақрибан соати 01:30 паланги барфӣ ба оғили як сокини деҳаи Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ ворид шуда, ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла кардааст. Дар ин ҳамла ба паланг муяссар шудааст, ки 6 сар чорвои хурдро нобуд кунад.

Бино ба иттилои КҲФ, сокинони деҳа ҳамроҳ бо имдодгарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа, Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ ин дарандаро ба қафас гирифта, баъдан онро аз маҳали зисти мардум дур бурдаву аз қафас озод кардаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин дуюмин ҳодисаи ҳамлаи паланги барфӣ ба моли сокинони Роштқалъа зарфи ҳамагӣ як ҳафтаи охир аст. Рӯзи 23-юми феврали соли 2022 тахминан соати 07:30-и субҳ як паланги барфӣ дар оғили як сокини ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ворид шуд ва ҳайвоноти дохили онро мавриди ҳамла қарор дода буд. Бино ба иттилои онрӯза, ин даранда 20 сар чорвои хурдро даронд ва як сар чорвои калонро захмиву маъюб карда буд.

Ҳодисаи дуюм низ дар ҳамон ҷамоати деҳот ва тақрибан дар ҳамон макон дар фосилаи замонии каме бештар аз як ҳафта иттифоқ меафтад. Ба эҳтимоли зиёд, ин ҳамон як паланг аст, ки дар ҳамон як қаламрав сукунат дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *