Боз як амали хайри Озода Раҳмон

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон амр додааст, ки толори Филармонияи давлатиро барои баргузории консерти хайрия барои кумак ба Диёрбек, писари шашсолаи овозхони шинохта Дилноза Каримова ройгон ҷудо кунанд. Ин тасмим мавҷи ситоишҳо аз ин амали хайри Озода Раҳмонро ба бор овард.

Шоираи Раҳимҷон, раҳбари маркази продюсерии «Шоира” дар назди нашрияи «СССР”, ки барои баргузории як консерти хайрия ба хотири кумак ба Диёрбек Аминҷонов, писари шашсолаи овозхони шинохта Дилноза Каримова дастбакор шудааст, дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук аз Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон ситоиш кард, ки дар байни ҳамагӣ чанд соат ба дархости онҳо посухи мусбат дода, ба вазорати фарҳанг амр додааст, то толори Филармонияи давлатиро барои баргузории ин консерт ройгон ҷудо кунанд.

Консерти хайрия бо ширкати ситораҳои эстрадаи тоҷик, бо шумули Садриддини Наҷмиддин, Ҳаётой Мӯъминова, Зикри Аллоҳ ва даҳҳои дигар, рӯзи 6 январ доир мешавад ва тамоми маблағи аз он ба даст омада барои табобати Диёрбек равона хоҳад шуд. Диёрбек Аминҷонов аз бемори саратони хун ранҷ мекашад ва барои табобаташ маблағи бузурге лозим аст.

Шоираи Раҳимҷон бо ситоиш аз Озода Раҳмон навишт, ки ӯ «бо як ишорае барои наҷоти кудаке ба дифои тасмими гуруҳи эҷодие бархост. Дили пур аз раҳми ӯро мешиносам.

Шоираи Раҳимҷон навиштааст: «Чи гуна аз муҳаббатҳом нисбати ин олиҳа нагуям,ки бо як ишорае барои наҷоти кудаке ба дифои тасмими гуруҳи эҷодие бархост?!Дили пур аз раҳми ӯро мешиносам.Мадюни меҳрубониҳошам.Фақат як дархост ва Ӯ бархост.Сипос Озодаи озадандеши мо!Худованд савобияти ин ҳама амалро ба шумо арзонӣ бидорад!!!!!

Ин амали хайри Озода Раҳмон мавҷи вокунишҳои мусбатро дар Интернет ба бор овардааст.

Дилафрӯз Қурбонӣ аз ҷумла менависад: «Модар модар аст, ҳам барои фарзандони худ ва ҳам аз дигарон. Бисёр иқдоми олӣ. Муваффақ бошанд.

Рӯзимад Гардонов низ бо тавсиф аз ин амали Озода Раҳмон навиштааст: «Худованд аз нигоҳи раҳматаш ва аз лутфи раббонияш бархурдор гардонад ин шахсияти саховатпешаву мехрубонро , Худо хоҳад тифлаки бемор шифои комил меёбаду волидайни хешро хурсанд мегардонад.

Зарина Кенҷаева Озода Раҳмонро аз насли Гурдоварид номида, Луна Мирзоевна низ ба ӯ барои ин амали савобаш аҳсан хондааст: «Шахсе ки дар тинаташ накукорист аз киёфааш пайдост.Ин бонуи зеборо аз чехраи нурониаш пай бурдан мумкин аст ки бисёр дили бузурги мардона,иродаи кави ва тинати пур аз мехр дорад.Ахсан ба чунин зан мисоли Озода Ахсан.

Наздикони Дилноза Каримова ду ҳафта пеш хабар доданд, ки писари шашсолаи ин овозхони машҳур Диёрбек Аминҷонов гирифтори бемории саратон шудааст ва ӯ барои табобати фарзандаш ба кумак ниёз дорад. Диёрбек ҳоло дар як бемористони маризиҳои саратон дар шаҳри Бишкек таҳти ташхису табобат қарор дорад, вале барои табобати пуррааш, ба гуфтаи Дилноза Каримова , ҳудуди 100 ҳазор доллар лозим будааст.

Ҳунармандони тоҷик дар ин рӯзи сахт дар паҳлуи Дилноза Каримова истод шуданд ва қарор аст, дар шаҳри Хуҷанд барои кумак ба Диёрбек рӯзҳои 26 ва 28 декабр ва 4 ва 13 январ чор консерти хайрия ва рӯзи 6 январ як консерти дигари хайрия дар Душанбе баргузор кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *