Боз як ҷавони 18 соларо дарё фурӯ бурд

Як сокини маҳаллаи Қазоқони ш. Душанберо, ки  Сиёвуши Рустам ном дорад, ҳангоми оббозӣ намудан  дар “Кӯли Ҷавонон”-и пойтахт дарё фурӯ бурдааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса баъд аз зӯҳри сешанбеи 30 май ба вуқӯъ пайвастааст. Сиёвуш ба гуфтаи наздиконаш рӯзадор будааст ва барои тасфи баданаш хориҷ шудан худро ба дарё андохта, дигар набаромадааст.

Ба иттилои манбаъ, давоми 5 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 36 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд расидааст: «Чунин ҳодисаҳои нохуш бештар дар вилояти Хатлон (17 далел) ва вилояти Суғд (11 далел) рух додаанд, ки аз беназоратии волидон гувоҳӣ медиҳанд».

Вазорат аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми оббозӣ намудан дар кӯлу дарёҳо аз эҳтиёт кор бигиранд ва фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *