Боз як “боевик”ба ҷазои аъмолаш расид

Бино ба гузориши маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ , бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини Ваҳдат Садиров Ҷамолиддин Маҳмадиёровичро бар асоси моддаҳои 104 қисми 2, 186 қисми 2, 249 қисми 4, ва 255 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои одамкушӣ, иштирок дар гуруҳи муташакил, роҳзанӣ ва қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ 24 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои намудан дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

Ҷамолиддин Садиров барои он гунаҳкор дониста шуд, ки «ӯ дидаю дониста, ки Ҳомидов Баҳром Холиқович ва дигар шарикони ӯ аз соли 1997 аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Исоев Нурулло гардида, дар ҳудуди шаҳри Вахдат ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ба фаъолияти ҷинояткорӣ даст доранд, аввалҳои соли 2000 ба дастаи мазкур шомил шуда, то 17 апрели соли 2000-ум ҳамчун аъзои он амал намуда, ҷинояти махсусан вазнинро содир намудааст.”

Аз ҷумла шаби 27 ба 28 феврали соли 2000 Ҷамолиддин Садиров «бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои гурӯҳ Ҳомидов Б.Х., Лолаев Л.Х., Саидов Ҳ.Х. ва Заҳидулоев Н.Б. бо силоҳҳои оташфишони тамгаи автомати Калашников ва ғайра мусаллаҳ гардида, дар деҳаи Деҳқонободи шаҳри Вахдат ҷинояти роҳзанӣ, куштори шаҳрвандон Пирназаров Ш. ва Толибова И., суйиқасд ба куштори Пирназаров 3., қасдан несту нобуд кардани ду cap чорвои калони шохдори Пирназаров Ш.-ро содир намуда, баъди содир намудани ҷиноят ба Федератсияи Россия фирор намудааст.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *