Боз як эшонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданду ба Тоҷикистон омад

Як марди ношинос худро корманди ҳукумат муаррифӣ карда, хост, дар бораи девори хона суҳбат кунад. Падарам низ либосашро пӯшида рафт. Пас аз он нопадид шуд

Мақомоти Русия шаҳрвандии як рӯҳонии тоҷикро бо исми Саиднуриддин Розиқов бо гуноҳи «комил набудани ҳуҷҷатҳо» бекор карда, ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Саиднуриддин Розиқови 60-сола, машҳур бо номи Эшони Саиднуридин, то ин вақт дар ноҳияи Режи вилояти Свердлов мезистааст.Тавре пайвандонаш гуфтаанд, ӯро дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ҷараёни дар кишвар мамнӯи «Салафия» гумонбар медонанд ва эҳтимол боздошт шудааст. Муҳаммад Розиқов, писари Саиднуриддин Розиқов гуфтааст, ки падараш чаҳор рӯз пеш, баъд аз даъвати як шахси ношинос барои суҳбат дар Русия нопадид гашта, зуд дар Тоҷикистон пайдо шудааст. Ӯ гуфт: «Ҳамон рӯз як марди ношинос худро корманди ҳукумат муаррифӣ карда, хост, дар бораи девори хона суҳбат кунад. Падарам низ либосашро пӯшида рафт. Пас аз он нопадид шуд.» То ҳол мақомоти тоҷик дар мавриди боздошт ва ё ягон ҳаркати дигар нисбат ба эшони Саиднуриддин маълумоте дарҷ накардаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *