Боз як генералро коронавирус бурд

Сардори раёсати экологӣ ва сайёҳии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур рӯзи 1 сентябр дар бемористони «1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, генерал Раҳмонзода ва ҳамсараш гирифтории бемории коронавирус шуда буданд. Ҳамсараш дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад. Ҷанозаи генерал Алихон Раҳмонзодаро рӯзи 1 сентябр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

Алихон Раҳмонзода 10 феврали соли 1958 дар деҳаи Паркамчии ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1987, дар саффи милитсия хидмат мекард.

Ӯ собиқаи кориашро аз ваколатдори фаврии шуъбаи сеюми раёсати кофтукови ҷиноии ВКД сар карда, то ба мақоми сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири ин вазорат ва муовини вазир расид. Алихон Раҳмонзода чанд сол роҳбарии Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияро низ бар уҳда дошт ва сипас боз ба ВКД баргашта, сардории чанд раёсат, аз ҷумла раҳбарии Хадамоти «Муҳофиза”-ро бар ӯҳда дошт. 30 октябри соли 2019 Алихон Раҳмонзода раҳбари раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД, ба истилоҳ «пулиси сайёҳӣ” таъйин карда шуд. Бародари ӯ генерал Раҳмонзода Лолахон Футур чандин сол раиси Агентии давлатии амволи махсус буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *