Боз як хатсайри нав дар Душанбе
Дар Душанбе боз як хатсайри нави автобус ба кор шуруъ мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, мусофирон метавонанд аз хизматрасонии автобусҳо дар ин хатсайр аз 23-юми май истифода кунанд. Ин хатсайр рақами 27 номгузорӣ шудааст.
Автобусҳои хатсайри номбурда истгоҳҳои «Коллеҷи тиббӣ» ва «Терминали ҷанубӣ»-ро ба ҳам пайваста, дар кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А. Қаҳҳоров, А. Ҷомӣ, Н. Қарабоев, А. Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то Терминали ҷанубӣ ҳаракат менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ