Боз як хиёнати “Русал”-и Дерипаска ба Тоҷикистон
Тавре маълум гардид, Олег Дерипаска нисбати Тоҷикистон боз як бевафоӣ кард. Ин соҳибкори наздик ба Путин,ки вақтҳои охир дар расонаҳои русӣ аз ришвадиҳии ӯ ба ҳукматдорони Русия ҳадс зада мешавад, тарҳи сохтмони корхонаи васлу насби мошинҳои партовкашониро,ки қабалн дар ин бора қарордод имзо карда буд, боздошт. Дар зер сари ин масъала матлаберо аз «Озодӣ» бознашр менамоем
«Русал»- ширкати сармоядори рус Олег Дерипаска аз иҷрои боз як тарҳи дигаре дар Тоҷикистон даст кашидааст. Соли 2015 ширкати офшории «Русал Глобал Менеҷмент», ки марбут ба «Русал» аст, бо корхонаи давлатии «Хоҷагиии манзиливу коммуналӣ» аҳд карда буд, ки дар Тоҷикистон корхонаи васлу насли мошинҳои партовҷамъкунии тамғаи «ГАЗ»-ро бунёд кунанд.
Барои бунёди ин корхона қарор буд, «Русал Глобал Менеҷмент» 3 миллион доллар исхтисос бидиҳад. Алимурод Исломзода, раиси Корхонаи давлатии манзилу коммуналӣ рӯзи 12-уми феврал гуфт, «Русал» барои бунёди ин корхона сармоягузорӣ накард ва бар иваз пешниҳод кард, ки мо аз ширкати ГАЗ мошинҳои патовкашониву коммуналиро харидорӣ кунем.
«Мо чандин маротиба дар Палатаи савдои Русия дар Тоҷикистон бо намояндагони «Русал» вохӯрдем. То ҷое ба созиш расида будем, ки дар Тоҷикистон корхонаи васлу насби мошинҳои партовкашонӣ сохта шавад. Аммо онҳо ба ҷои сохтмони ин корхона, ба мо пешниҳод карданд, ки мошинҳои тайёрро аз Русия харем. Мо ба ин пешниҳод розӣ нашудем, чунки нархи мошинҳои Русия нисбат ба дигар давлатҳо гарон аст»,-гуфт Алимурод Исломзода.
Зимнан, ин барои бори аввал нест, ки «Русал» ваъдаи сармоягузорӣ ва сохтмони корхонаҳоро дар Тоҷикистон дода, дар асл ба аҳдаш вафо накард. Намунаи боризи чунин аҳдшикании «Русал» соли 2005-ум расонаӣ шуда буд. «Русал» он замон ваъдаи сармоягузории нерӯгоҳи «Роғун» ва сохтмони як корхонаи истеҳсоли алюминиюм дар Данғараро ба Тоҷикистон дода буд.
Ин ваъдаи «Русал» дар пайи гузашти Тоҷикистон дар мавриди муҷтамаи назорати кайҳонӣ дар Норак мавсум ба “Окно” ба Русия буд. Аммо «Русал» бо чанд иддао сармоягузорӣ ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро оғоз накард ва дар натиҷа Тоҷикистон ба таври якҷониба созишномаи сармоягузориро бо ин ширкати русӣ лағв кард.
Дар дафтари матбуоти ширкати “Русал”- рӯзи 12-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, омӯзишҳои онҳо собит кард, ки талаботи бозори Тоҷикистон ба мошинҳои патовкашонӣ чандон зиёд нест ва сармоягузорӣ дар як сохтмони корхонаи васлу насби чунин мошинҳо дар ин ҷо судовар нахоҳад буд.
Аммо коршиносон мегӯянд, сабаби худдории «Русал» аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дигар аст. Юрий Крупнов,иқтисоддони рус, ки чанд соле қабл сармоягузорони русро барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ташвиқ мекард, мегӯяд, «сармоягузорон дар паҳнои пасошӯравӣ мехоҳанд маблағе сарф накарда, пули бисёре ба даст оранд. Аз ин рӯ, ҳамкориҳо миёни бахши хусусӣ дар минтақа дучори бунбаст гаштааст».
Русия кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистонро минтақаи зери нуфузи худ мешуморад. Ҳарчанд дар арсаи ҳарбиву низомӣ мавқеи Русия қавӣ аст, аммо молу маҳсулоташ нуфузи худро дар бозорҳо аз даст медиҳад. Тоҷикистон ҳоло ҳангоми хариди молу маҳсулот аз формулаи “босифат ва арзонтар” кор мегирад ва дар хариди молу маҳсулоти марвиди ниёзаш худро танҳо бо маҳсулоти Русия маҳдуд намесозад.
Дар як даҳсолаи охир чеҳраи роҳу нақлиёти Тоҷикистон, ки умдатан аз «Жигули» ва «Газел» ва мошинҳои боркашони «Камаз» иборат буд, ба кулли тағйир кард. Ронандаҳои мошинҳои сабукрав чамбараки “Лада 07”-ро ба Опел, мусофиркашонҳо «Газел»-ро ба «Старекс»-у «Месредес» ва ҷойи «Камаз»-ро мошинҳои боркашони Чин ишғол карданд.
Мисоли боризи чунин як рақобат ҳангоми хариди автобусҳои мусофиркашон дар шаҳри Душанбе охири моҳи гузашта бармало шуд. Ҳукумати шаҳри Душанбе аз азмаш ҷиҳати харидории автобусҳои нави мусофиркашон хабар дод ва чанде аз намояндагони ширкатҳои русӣ аз ҷумла ширкати “ГАЗ” ва “ЛИАЗ” автобусҳои худро ба Тоҷикистон пешкаш карданд. Аммо интихоби шаҳри Душанбе билохира ба автобусҳои тамғаи Izuzi афтод, ки дар Туркия васлу насб мешавад.
Мақомоти шаҳри Душанбе дар шарҳи ин интихоб ҳам гуфта буданд, сабаб фарқ дар нархи автобсҳо аст. Қимати автобусҳои Русия беш аз 110 ҳазор буд, аммо шаҳрдории Душанбе 50 адад автобусҳои навъи ISUZI-иро аз Туркия бо қиммати 90 ҳазор доллари харидорӣ карданд.
Озоди
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ