Боз як худкушии ошиқон

 Сокини шаҳри Конибодом Ҷаҳонгир Рӯзиев,баъди рад шудани хостгориаш аз ҷониби волидони Карима Дӯстматова аз деҳаи Файзбор (собиқ Даштқаратоқ) рӯзи 15 сентябр худро ба дор овехтааст.

Хабари худкушии дӯстдоштааш шунида, Карима рӯзи 16 сентябр низ бо чунин роҳ  худкушӣ кардааст. Ҷаҳонгир 23 ва Карима 22 сола буданд. Карима дар мактаби рақами 11 муаллимаи фанни забони русӣ буд.

Мақомоти корҳои дохилии Конибодом ва прокуратура ин қазияро таҳқиқ мекунанд. Бино ба маълумоти мавҷуда, Рӯзиев Ҷаҳонгир Дилшодович, соли таваллудаш 1995, миллаташ ӯзбек, наздиконашро барои хостгорӣ ба хонаи Дӯстматова Карима Ашӯралиевна, соли таваллудаш 1996, миллаташ низ ӯзбек, фиристодааст.

Аммо ба кадом сабаб  волидони Карима хостгории Ҷаҳонгирро рад кардаанд ва ин ду дилдода аз ноумедӣ танҳо илоҷро дар ҳалқаи дор ва буридани риштаи зиндагии худ дидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *