ИРС

Боз як имтиҳоне, ки IRS аз он сарбаландона гузашт

Бо вуҷуди зиёдтар осебпазир будан аз бориши барф ва тармафароии бесобиқаи рӯзҳои охир роҳи Душанбе — Чаноқ кушода аст.

Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони IRS ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи зикршуда таъмин буда, аз ҷониби аҳолӣ низ масъулиятшиносии кормандони ин ширкат эътироф гардид.

Шоҳидони ҳол низ эътироф карданд, ки дар ин рӯзҳои сармои қаҳратун ва тармафароии зиёд роҳи Душанбе — Чаноқ доимо, ҳатто шабона бо маводи зиддилағжиш коркард шуду техникаҳо мунтазам барфро тоза карданд. Чунин масъулиятшиносӣ буд, ки роҳи Душанбе — Чаноқ, сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароии бениҳоят зиёд баста нашуд. Барои муқоиса: дигар роҳҳои мамлакат бо вуҷуди чандон шиддатнок набудани бориши барф ва набудани тармафароӣ дар рӯзҳои мавриди назар баста буданд.

Бегуфтугӯ, ки нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи кормандони IRS аст, вале эътироф бояд кард, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа на ҳар кас баромада метавонад. Дар ин рӯзҳои сармо масъулини филиали Ширкат бо роҳбарии директор Нодирҷон Сафаров дар минтақаҳои сербориш доимо ҳамроҳи кормандон буданду барои дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани кор онҳоро ҳавасманд ва руҳбаланд карданд.

Роҳандозии умури назорати кор бо чунин шева замина фароҳам овард, ки бо вуҷуди пуршиддат будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани тармафароӣ, дар маҷмуъ, ҳолати роҳ қаноатбахш бошад.

Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ филиали Ширкат ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Мушкили ягона ба оддитарин қоидаи роҳ аҳамият надодани ронандагони мошинҳои калони боркаш буд, ки бо кӯшиши пештар рафтан роҳро мебастанду тамбашавиро ба вуҷуд меоварданд.

Дар рӯзҳои сербориш кормандони филиали Ширкат роҳи Душанбе — Чаноқро ончунон поккорӣ намудаанд, ки барои истифодаи занҷир зарурат намонд. Ин аст масъулиятшиносӣ.

Хулоса ин аст, ки барои иҷрои рисолати худ дар сатҳи хубу сифати баланд IRS комилан тавонманд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *