Боз як келин хушдоманашро кушт

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 28-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда, 21-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 08:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо хушдоманаш, зани 54-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 3-маротиба ба қисми рости қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *