Боз як корманди комиссариати ҳарбӣ бо ришва ба даст афтод

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи муроҷитаи шаҳрванд «А» корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Абудллоева Мавзунаро боздошт кардааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда барои омода карда додани билети ҳарбии корношоямӣ ва талаби пул муттаҳам мешавад.

Гуфта мешавад, ӯ барои ин кор аз шаҳрванд «А» 10 000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 4000 сомониашро гирифта, боқимонда 6000 сомонии дигарро талаб кардааст.

«Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъда аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд»,- афзудааст дафтари матбуотии Агентӣ.

Ҳамзамон, зимни гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати талаб карда гирифтани маблағи пулӣ ба миқдори 10 000 сомонӣ аз ҷониби Абдуллоева инчунин хонум Ғ.З.И. низ алоқамандӣ дошта, номбурдагон маблағи тасарруф кардаро ба хароҷотҳои шахсиашон сарф намудаанд.

Агентӣ  мегӯяд, ки дар ин асос нисбат ба ин шахсон  бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *