Боз як ноболиғи рус аз марди тоҷик ҳомила шуд

Пулиси вилояти Ленингради Русия як марди тоҷикро ба гумони доштани алоқаи ҷинсӣ бо духтари 13-солаи рус боздошт кардааст.

Пулиси вилояти Ленингради Русия як марди тоҷикро ба гумони доштани равобити ҷинсӣ бо духтари 13-солаи рус боздошт кардааст.

Духтари ноболиғ, ки табибон муддати ҳомилагии ӯро 29 ҳафта гуфтаанд, дар бемористони марказии ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград бистарӣ шудааст.

Ин духтари ноболиғ ба нашрияи «Невские новости» гуфтааст, ки шавҳари ғайриникоҳии модараш-шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон чандин бор бо ӯ ҳамхоба шудааст.

Феълан нисбати ин шаҳрванди Тоҷикистон бо моддаи 131, банди 4-и Кодекси ҷиноятии Русия, яъне “Таҷовуз ба номус” парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва марди тоҷик дар боздошт қарор дорад.

Ҳамхобагии мардҳои тоҷик бо духтарони ноболиғи рус мавзуи тозае нест. Дар соли 2005 қиссаи Ҳабиб Патахонови тоҷик бо Валяи 11-сола сокинони Русияро “шок карда буд”.

Он замон Валя Исаеваи 11-сола аз муҳоҷири кории тоҷик-Ҳабиб, ки дар манзили бибии ӯ дар ноҳияи Капотняи шаҳри Маскав  иҷоранишин буд, ҳомиладор шуд.

Аҳли ҷомеаи Русия талаб доштанд, ки Ҳабиб ба ҷурми ҳамхобагӣ бо духтари ноболиғ шадидан муҷозот шавад.

Вале Валя аз тариқи барномаҳои телевизиони Русия иброз дошт, ӯ ва Ҳабиб ҳамдигарро дӯст медоранд ва мехоҳанд бо ҳам издивоҷ кунанд.

Додгоҳи шаҳри Маскав Ҳабиб Патахоновро ба ҳабси шартӣ ҳукм кард ва ҳарду ба зиндагии якҷоя шурӯъ карданд ва ҳоло ин ҷуфт соҳиби 3 фарзанд шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *