Боз як оилаи хору зор: Оишаро бо кӯдаконаш аз Ироқ кӣ бармегардонад?

Телевизиони «Россия Сегодня” дар бораи боз як духтари 16-сола аз Тоҷикистон бо номи Оиша хабар дод, ки бо ду додари як хоҳари хурдсолаш ва ду фарзанди як зани дигар дар Ироқ дармондааст. Шавҳари Оишаро, ки ҷангии ДОИШ буд, дар ҷанг куштаанд ва ӯ дар бораи сарнавишти падару модараш баъди тасарруфи Мосул низ хабар надорад.

Бино ба гузориши «Россия сегодня», Оишаро бо 5 кӯдаки ҳамроҳаш аз қаламрави таҳти назорати созмони тундрави «Давлати исломӣ” ба Бағдод овардаанд.

Оиша ҳамагӣ 16 сол дорад ва падару модараш, ки аз Тоҷикистон ба Ироқ омада, ба ДОИШ пайвастанд, ӯро бо вуҷуди синни ҷавонаш ба як ҷангӣ ба шавҳар додаанд.

Шавҳари Оиша дар ҷанг кушта шудааст. Ӯ дар бораи сарнавишти падару модараш хабаре надорад: «Онҳо дар Мосул буданд ва вақте ҷанг сар шуд, ман ба Талъафар рафтам.”

Ду додару як хоҳараш – Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммад, ки ҳамагӣ 3 сол дорад, дар дасти Оиша мондаанд. Дар роҳ ба Бағдод ӯ бо зане аз Русия шинос шуд, ки низ ҳамсари як ҷангии ДОИШ будааст. Аз қазо ин зан дар роҳ аз бемории дил вафот кардааст ва нигоҳубини ду фарзанди ятиммондаи он зан – Марями сесола ва Фуадами ҳамагӣ чормоҳа – низ ба дӯши Марям бор шудааст.

Исми модари ин кӯдакон маълум нест, вале падарашон Самир ном доштааст. Марям, ки ҳамагӣ се сол дорад, дар бораи кӣ ва аз куҷо будани онҳо чизе гуфта наметавонад.

Дар пайи амалиёти густардаи нирӯҳои давлатии Ироқ ва пешмаргаҳои курд бо кумаки эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ҷангиёни ДОИШ пойгоҳҳои умдаи худ дар шимол ва ғарби Ироқ, аз ҷумла шаҳрҳои Фаллуҷа, Мосул ва Талъафарро аз даст доданд.

Дар пайи ин, хонаводаҳои садҳо ҷангӣ дар минтақаҳои аз дасти ДОИШ озодшуда ба дасти мақомоти Ироқ афтоданд. Қаблан дар бораи ду урдугоҳи паноҳандагон дар ҷануб ва шимоли Мосул гузориш шуда буд, ки дар онҳо, бино ба хабарҳо, дастикам 1400 нафар аз ҳамсарон ва фарзандони ҷангиёни ДОИШ, аксаран хориҷиҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Шӯрои паноҳандагони Норвегия, ки ба ин хонаводаҳо кумак мерасонад, гуфт, танҳо дар яке аз ин урдугоҳҳо дар ҷануби Мосул беш аз 30 зодаи Тоҷикистон – занон ва кӯдакони хурдсолро сабт кардааст.

Намояндаи Чеченистон дар масоили Ховари Миёна Савсабӣ баъдан хабар дод, ки дар урдугоҳи дувум дар шимоли Мосул низ даҳҳо зану кӯдак аз Русия, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Шӯравии собиқро ба чашм дидааст.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар солҳои охир дастикам 1144 шаҳрванди тоҷик ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав, асосан ба ДОИШ пайвастаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо нафари инҳо ҳамроҳ бо аҳли хонаводаҳои худ ба он кишварҳои ҷангзадаи арабӣ рафтаанд. Шумори кӯдакони тоҷики дармонда дар Сурияву Ироқ дасти кам 250 нафар гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *