Боз як олими тоҷик ба асардуздӣ муттаҳам шуд
Маҳбуба Шоазизова, муовини директори Институти иқтисоди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шуд.
Ба навиштаи сомонаи ин пойгоҳ, Маҳбуба Шоазизова Дӯстмуродовна рисолаи номзадияш “Шаклгирӣ ва рушди бозори картошка дар Тоҷикистон” (Формирование и развитие рынка картофеля в Республике Таджикистан)-ро аз кори илмии Лидия Павловна як олими рус рӯбардор кардааст. Номи рисолаи илмии Павлова “Рушди бозори картошка дар Федератсияи Русия) (Развитие рынка картофеля в Российской Федерации) будааст, ки ба номи рисолаи илмии Шоазизова бо фарқи номи давлат, монанд аст.
Шоазизова рисолаи номзадияшро соли 2009 таҳти раҳбарии Пириев Ҷалил Сафарович дар шӯрои ҳимояи Институти иқтисоди кишоварзӣ ҳимоя кардааст. Дар шарҳи кори ин олими тоҷик пойгоҳи “Диссернет” навиштааст, ки дар кори илмии Шоазизова ҳарчанд рӯйбардори густарда ҳанӯз ошкор нашудааст, вале қисматҳое, ки рӯйбардор кардааст, кам нестанд.
То ҳол Маҳбуба Шоазизова ба ин кори “Диссернет” вокуниш накардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ