Боз як рӯзноманигор тарки дунё кард

Амонқул Одилов, собиқ сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии Радиои Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони  барномаи маъруфи “Хоки Ватан” дар сини 73-солагӣ даргузашт.

Амонқул Одилов соли 1943 дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Фаъолияти касбиро ба унвони ходими адабӣ дар нашрияи ноҳияи Айнӣ оғоз намуда, баъди адои хидмати ҳарбӣ соли 1972 аз риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фориғуттаҳсил шудааст.

Соли 1973 дар Радиои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда, зинаҳои муҳаррир, мудири шӯъбаи саноату сохтмонро тай кардааст. Дар Телевизиони Тоҷикистон ҳам муддате ба сифати сармуҳаррир фаъолият намудааст. Баъди хатми Мактаби олии ҳизбӣ дар соҳаи журналистика боз фаъолияти касбиро дар телевизиони тоҷик идома медиҳад. Аз соли 1993 то 2006 сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналмилалии радиои тоҷикро сарварӣ намудааст.

Амонқул Одилов дар солҳои ҳассос ва пурошӯби даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1994-1996 роҳбарии гуруҳи эҷодии барномаи машҳури “Хоки Ватан”-ро, ки дар баргардонии гурезҳо ва ба даст овардани ризоияти миллӣ саҳми чашмгире гузошт, бар уҳда дошт.

Баъди ба нафақа рафтан то лаҳзаҳои охирини умр фаъолияташро ба ҳайси сармуҳаррир, котиби масъул ва ходими адабӣ дар нашрияи душанбегии ҲХДТ – “Мароми пойтахт” идома додааст.

Соли 1994 барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи рӯзноманигорӣ бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *