Боз як ришвагири мансабдор ба даст афтод
Раиси ҷамоати Г.Ортиқови Конибодом Ҳайдар Усмонзода ва сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии У.Ашӯров Гулбаҳор Муродова ба гирифтани пора айбдор мешаванд.
Ба гуфтаи мақомоти милиса, онҳо рӯзи 2 апрел дар меҳмонхонаи «Шоми Қанд» ҳангоми аз шаҳрванд Қаюмова Нигора гирифтани пора ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ дастгир шудаанд.Кормандони милитсия дар шаҳри Конибодом ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Усмонзода Ҳайдар Усмон, соли таваллудаш 1963, раиси ҷамоати деҳоти Г. Ортиқови шаҳри Конибодомро бо гирифтани 15 ҳазор сомонӣ пора дастгир кардаанд.
Усмонзода Ҳайдар Усмон санаи 2-апрели соли равон барои ҷудо намудани Сертификати замине, ки соли 2015 ба номи тағояш Каримов Қаҳрамон, соли таваллудаш 1975 ҷудо гардида буду дар дасташ қарор дошт, аз шаҳрванд Қаюмова Нигора соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хуҷанд маблағи 15 ҳазор сомониро бо воситаи шиносаш Раҳимова Гулбаҳор соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи ҷамоати Г. Ортиқов ва сармусоҳиби хоҷагии деҳқонии У. Ашурови ш. Конибодом ба сифати пора талаб карда, дар меҳмонхонаи «Шоми Қанд» ҳангоми аз шаҳрванд Қаюмова Нигора гирифтани пора дастгир карда мешавад.
Нисбати Усмонзода Ҳайдар ва Раҳимова Гулбаҳор бо моддаи 319 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ