Боз як ронандаи бадахлоқ ҷазо гирифт

Санаи 4-уми октябри соли равон, як нафар зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати ҷавонписари ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия», рақамҳои қайди давлатиаш 2102 ЕА 01 чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ дар хатсайри №8 машғул буданаш, 1-уми октябри соли равон, тақрибан соатҳои 14:45-дақиқа, нисбати муроҷиаткунанда беҳурматӣ зоҳир намуда, дар ҷойи ҷамъиятӣ ба ӯ ҳаракат ва суханҳои ғайриахлоқӣ изҳор намудааст.

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи омӯзишу баррасии муроҷиати мазкур, нафари қонуншиканро боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд. Дар натиҷа муайян гардид, ки соҳиби автомашинаи дар боло зикргардида шаҳрванд Камолов Шералӣ Азизович, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён мебошад. Зимни бозпурсӣ муайян карда шуд, ки ӯ ҳақиқатан 1 октябри соли равон, ҳангоми бо автомашинаи шахсиаш аз самти кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба самти кӯчаи Лоҳутии пойтахт интиқол додани муроҷиаткунанда, нисбати ин ҷавонзан беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо кирдор ва рафторҳои ғайриахлоқиаш шаъну шарафашро паст задааст. Номбурда ба кирдори содирнамудаи худ пурра иқрор гардида, барои дар оянда ба чунин аъмол даст назаданаш баёнот додааст.
Айни замон, нисбати шаҳрванд Шералӣ Камолов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо дарназардошти маъюби гурӯҳи дуюм буданаш аз ҷониби Суди ноҳияи Сино ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 350 сомонӣ таъин карда шуд.
Сироҷиддин Шукуров
лейтенанти калони милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *