Боз як садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Шоҳидон мегӯянд, ронанда ва зани сарнишин дар садама ҷо ба ҷо ва ҷавони донишҷӯ дар шифохонаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷа се дар натиҷаи садамаи як мошини сабукрав 3 нафар ҷон дадаанд.
Ба қавли шоҳидон, ин ҳодиса шаби шанбеи 31 октябр дар қарибии бозорчаи фурӯши меваи хушки деҳаи Куруд, ки дар канори қисмати роҳи Айнӣ — Истаравшани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд фаъолият мекунад, иттифоқ афтодааст.
Бино ба гуфти манобеъи расмӣ, мошини сабукрав ба Идибек Зоҳиров, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, сарнишинони дигар — Умеда Комилова, соли таваллуди 1989, сокини шаҳри Душанбе ва Мубинҷон Каримов, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд, будаанд, ки аз шаҳри Душанбе озими шаҳри Хуҷанд будаанд.
Шоҳидон мегӯянд, ронанда ва зани сарнишин дар садама ҷо ба ҷо ва ҷавони донишҷӯ дар шифохонаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои Раёсати бозрасии давлатии
автомобилӣ дар Суғд, тайи 8 моҳи аввали соли равон дар қаламрави вилоят 141
садамаи нақлиётӣ иттифоқ афтода, 75 нафар ба ҳалокат расида, 156 тани дигар
захмӣ шудаанд ва як қисмати қобили таваҷҷӯҳи ин садамаҳо ба шоҳроҳи Душанбе –
Хуҷанд рост меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ