Боз як судя бо ришва ба даст афтод

Судяи  суди  шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) Азизҷон Шарифзодаро бо гумони ришваситонӣ дастгир кардаанд.

Расонаҳо хабар додаанд, ки судя Шарифзода рӯзи 6-уми декабри имсол дар утоқи корияш, «ҳангоми гирифтани ҳазор доллар» боздошт шудааст.

«Пулҳо бо маҳлули махсус коркард шуда будаанд, ки ҳангоми зери рӯшноӣ гузоштани он навиштаи “пора” аён мегардад. Бозрасон аз ангуштони Азизҷон Шарифзода ин маҳлулро пайдо кардаанд. Вақте додрасҳоро дар ҷойи ҳодиса бо далелҳои айнӣ дастгир мекунанд, ба ҳабси пешакӣ мегиранд,» — хабар додааст як манбаъ рӯзи 7-уми декабр .

 Шарифзодаро аз вилояти Суғд ба Душанбе фиристодаанд.

Як манбаъи муътамад гуфтааст,ки  масъала ба тақсими замин рабт дорад.

Ӯ гуфтааст:  «Як зан, мудири боғчаи кӯдакон, барои бунёди хона замин гирифта, ду сол чизе насохтааст. Раиси шаҳр қарорро бекор мекунад. Зан аз додрас кумак мехоҳад. Шарифзода дар иваз 2500 доллар пурсидааст. Корафтода 1500 долларро медиҳад ва ҳукми додгоҳ содир мешавад. Вақте додрас 1000 доллари мондаро хоста, таҳдид кардааст, ки агар наорад, қарор бекор хоҳад шуд, зан ба Агентии мубориза ба муқобили коррупсия  муроҷиат кардааст.»

Азизҷон Шарифзода рӯзи 7-уми феврали соли 2020 судяи  шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) таъин шуда буд. Вай пеш аз он дар суди  ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, дар даҳ соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз бист судя  бо гуноҳи ришвагирӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон кам будани маоши судяҳоро яке аз сабабҳои густариши “порагирӣ” дар низоми судии Тоҷикистон меноманд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *