Боз як таҷовуз дар Ашт
Дар ноҳияи Ашт духтаре баъди таваллуди фарзанд ба мақомоти милитсия шикоят кардааст, ки як ҷавони сокини шаҳраки Адрасмон аз синни 13-солагиаш дар тӯли 4 сол бо таҳдиду зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз мекард ва тифли зодаи ӯ меваи ҳамон таҷовузҳост.
Эгамбердӣ Мирзоев ҳоло бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғ дар боздошт қарор дорад.
Сокини 20-солаи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд Мирзоев Эгамбердӣ бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ дастгир шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти милитсия, Мирзоев Эгамбердӣ бори якум моҳи декабри соли 2013 ва сипас аз моҳи апрели соли 2014 то моҳи апрели соли 2017 чанд маротибаи дигар бо роҳи зӯрӣ ва таҳдиди куштор бо корд ноболиғ Соҳибова Нигина, соли таваллудаш 2000 сокини деҳаи Раводи ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Аштро таҷовуз кардааст. Дар натиҷа Соҳибова Нигина 15 январи соли 2018 фарзанди ҷинсаш занро таваллуд кардааст.
Мақомоти милитсия мегӯянд, моҳи декабри соли 2013, вақте Эгамбердӣ Мирзоев бори якум ба номуси Нигина Соҳибова таҷовуз кард, ин духтар ҳамагӣ 13 сол дошт ва худи таҷовузгар он вақт 15-сола будааст: «Мирзоев Эгамбердӣ Қодирович, с.т. 1998, ист. Ш. Гулистон, шаҳраки Адрасмон, миллаташ узбек, муҷаррад, кор намекунад, 10.12.2013 ба хонаи истиқоматиашон Соҳибова Нигина Азамҷонова, с.т. 24.08.2000, ист. н. Ашт, ҷ-д Меҳробод, д.Равод, таҳсил намекунад (оилаи устувор, падар дорад, модараш вафот кардагӣ) омада, ки дидаву дониста ки ноболиғ баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст, бо истифодаи зӯроварӣ ва таҳдиди истифодаи корд ба номусаш таҷовуз кардааст.”
Ҳоло нисбати Мирзоев Эгамбердӣ бар асоси қисми сеюми моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мирзоев Эгамбердӣ бар асоси қисми сеюми моддаи 138 -уми Кодекси ҷиноӣ ба таҷовуз ба номуси духтаре, ки баръало ба синни чаҳордаҳсолагӣ нарасидааст, бо таҳдид бо истифодаи корд гумонбар дониста мешавад. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 25 сол, ҳамчунин ҳукми зиндони якумриропешбинӣ мекунад.
Дар гузориши мақомоти милитсия гуфта мешавад, ки Нигина Соҳибова аз оилаи устувор буда, падар дорад, вале модараш вафот кардааст. Ин ҷиноятро нозири минтақавии милитсия И.Бурҳонов ошкор кардааст.
Моҳи феврали соли ҷорӣ шаҳри Гулистонро ҳодисаи ба номуси духтари 13-солаи худаш таҷовуз кардани Мирзо Алимови 41-сола такон дода буд. Мирзо Алимов рӯзи 24 феврал ҳангоми бозпурсӣ аз бинои додситонии шаҳри Гулистон фирор кард. Барои боздошти ӯ амалиёти густардаеро дар саросари вилояти Суғд ба роҳ андохтанд ва Алимов шоми 25 феврал, замоне ки мехост бо микроавтобус тарки шаҳр кунад, дастгир шуд.
Чанде қабл дар шаҳри Гулистон падар духтари ба синни чаҳордаҳсолагӣ нарасидаашро таҷовуз карда, дастгир шуд. Аммо ҳангоми бозпурсӣ аз фурсат истифода карда, аз прокуратураи ш. Гулистон фирор мекунад. Ин кирдори ӯ боиси дар кӯчаҳо гаштани милитсияҳои зиёд шуда буд.
Алимов Мирзо Аъзамхонович, соли таваллудаш 1967, зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадониивилояти Хатлон ва муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон бо гумони даст доштан дар ҷинояти сангин ва нангин — таҷовуз ба номуси духтари 13-солааш таҳти боздошт қарор дошт. Ба зидди ӯ бар асоси қисми сеюми моддаи 138-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳомитаҷовузба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ва хеши наздик парвандаи ҷиноятӣ оғозкарда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ