Боз як тағйироти кадрӣ дар ВКХ

 

Сафири Тоҷикистон дар Олмон ҳамзамон раҳбари намояндагии дипломатии кишвар дар Ҷумҳурии Чех таъйин шуд.

Рӯзи 23-юми август дар шаҳри Прага Маликшо Неъматов эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан супурд. Дар ин бора сайти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар хабар гуфта мешавад, ки Милош Земан дар ин мулоқот хостори густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чехия шудааст.

То ин замон сафири Тоҷикистон дар Чехия Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав буд, ки то соли 2014 сафири Тоҷикистон дар ду кишвари ҳамсоя — Олмон ва Ҷумҳурии Чех буд. Баъди гузаштан ба раҳбарии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, Сатторов масъулияти раҳбарии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чехияро ҳам идома медод.

Маликшо Неъматови 47-сола, ки то моҳи июни соли 2014 раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд (аз соли 2007), карйераи дипломатро баъди раҳбарии сафорати Тоҷикистон дар Берлин шурӯъ кард. Дар Тоҷикистон ӯ дар вазифаҳои раҳбари Созмони ҷавонони Тоҷикистон ва ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ҳам кор кардааст.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чехия 5 июни соли 1992 барқарор шудааст. Вале аз он замон то кунун сафоратхонаи кишварҳо бевосита дар пойтахтҳои ин ду кишвар боз нашуд ва мизони табодули молу коло миёни ду кишвар чандон баланд нест. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия дар соли 2015 беш аз дусад ҳазор долларро ташкил додааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *