Боз як таркиш дар масҷиди шиаҳои Қандаҳор

Дар ҷануби Афғонистон, дар вилояти Қандаҳор дар масҷиди шиаҳо таркиши бузург ба амал омад, гузориш медиҳад хабаргузории маҳаллии «Ашвака». Инфиҷор дар масҷиди шиаҳо воқеъ дар маҳаллаи Имоми Боргоҳ, дар маркази вилояти Қандаҳор рух додааст. Ба иттилои ин хабаргузорӣ, ҳамлаи террористиро як маргталаб анҷом додааст. Расонаҳо аз кушта шудани шумораи зиёди мардум ва захмӣ шудани сокинони маҳаллӣ хабар медиҳанд. Ҳафтае пеш дар шимоли Афғонистон, дар Кундуз ҳангоми намози ҷумъа масҷиде тарконда шуд. Дар паи он инфиҷори мудҳиш 120 кас ҳалок ва беш аз 150 тан захмӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *