Боз як толибаи мактаб дар Кӯлоб худкушӣ кард
Дар шаҳри Кӯлоб ҷасади як хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнае ошкор шуд, ки, худро ба дор овехтааст. Мақомот мегӯянд зоҳиран духтари наврас даст ба худкушӣ задааст.
Як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 6-уми январ дар гуфтааст, ки ҷасади як хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи маҳаллӣ рӯзи душанбе ошкор шуд. Ба гуфтаи полис, ин ҳодиса ба худкушӣ монанд аст ва зоҳиран соатҳои тақрибан 16 ба 17 дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати Кӯлоб иттифоқ афтодааст. Ба гуфтаи манбаъ, Оимхол Одинаева қабл аз худкушӣ, ба волидонаш мактуб гузошта хайрухуш кардаааст, ки «ба роҳи дур» хоҳад рафт.Як ходими полис, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, гуфтааст, ки ҷузъиёти баъди марги духтари наврасро додситонии маҳаллӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст:»Ин талабаи мактаби рақами 10 аст ва рӯзи гузашта худро дар хонаашон ба дор овехтааст. Пеш аз худкушӣ кардан, ба волидайнаш мактуб гузошта гӯё бо онҳо видоъ кардааст. Аммо ҷузъиёти мактубаш дар додситонӣ ҳаст», — афзудааст манбаъ. Ҳодисаи пайдо шудани ҷасади духтари наврас бо нишонаҳои худкуширо дар додситонии Кӯлоб низ тасдиқ карданд. Вале намояндаи додситонӣ гуфт, азбаски таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст, феълан аз ироаи ҷузъиёти бештар, аз ҷумла мазмуни номаи духтари наврас худдорӣ мекунанд.Оимхол Одинаева ягона ҷавондухтаре нест, ки қасд ба ҷони худ мекунад. Хабарҳо дар бораи қасд ба ҷони худ кардани шаҳрвандон тақрибан ҳар моҳ пахш мешавад. Аз ҷумла рӯзи 17-уми январи соли ҷорӣ як духтари 18-сола, ки аз ӯ М.Н. ном бурда мешавад, худро ба дарёи Душанбе андохта, аз ҷониби аҳолӣ наҷот дода шуд. Мақомот мегӯянд, тибқи оморҳои ахир, қисми зиёде нафароне, ки қасд ба ҷони худ мекунанд ҷавондухтарони ба балоғат расида ва ё наздик ба балоғат ҳастанд.Омори шахсоне, ки дар соли 2017 дар пайи худкушӣ ҷони худро аз даст додаанд то ҳол аз ҷониби мақомоти тоҷик расман пахш нашудааст. Аммо дар соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки мавридҳои зиёди он ба занону духтарон рабт мегирад.Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ