Боз як заминфурӯш ба даст афтод
Агентии зидди коррупсия дар Тоҷикистон як корманди Корхонаи воҳиди фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул”-и Кумитаи заминро боздошт кард.Тибқи иттилои дафтари матбуотии Агентӣ Абдиев Тоҳир Ашуралиевич дар вазифаи мутахассиси КДФ “БММҒ” дар ноҳияи Деваштич кор карда истода, замони фаъолияташ даст ба заминфурӯшӣ задааст.
Дафтари матбуоти Агентии мубориза бо фасод дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, Шукур Мусоев, дар гирифтани 12 ҳазор доллар пора муттаҳам мешавад.
Мусоев маблағи маскурро давоми солҳои 2015-2017 аз шаҳрванд Раҳматов Мирзобаҳром барои иваз намудани таъйинотӣ қитъаи замини бошишгоҳи саҳроӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара гирифтааст.
Нисбат ба Шукур Мусоев аз 17 январи соли 2020 бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Коденкси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ