Боз як зан худашу духтарашро ғарқ карда кушт
Қурбоной Зарифова, сокини 32-солаи ноҳияи Ёвон бо духтари 10-солааш худро ба дарёи Вахш андохтааст ва мақомот мегӯянд, ки ҷасадҳои онҳоро ним соат баъд аз ҳодиса аз дарё берун оварданд.
Ҳодиса рӯзи якшанбеи 27-уми сентябр дар шаҳри Норак иттифоқ афтодааст. Ҷасади ин зан ва духтараш ҳоло дар сардхона нигоҳ дошта мешаванд.
Ин зан аз болои як пул худу духтарашро ба дарё андохтааст ва ҷасади онҳоро 30 метр поинтар аз маҳалли ҳодиса аз дарё берун оварданд.
Сабаби ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест, вале ин зан аз хона баромада ва гуфтааст, ки ба бозор меравад. Ин зан дар маконе, ки худро ба дарё андохт «пойафзолашро мондааст, дар халтааш корти бонкӣ, пул ва шиносномааш будааст».
Шоҳидон ва чанд масъул аз ҳукумати шаҳри Норак гуфтанд, ки эҳтимолан хушунату ноумедӣ ва мушкили иқтисоди сабаб шудааст, ки зани ҷавон худ ва духтари ноболиғашро ба дарё андохтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ