Боз задухӯрд дар марз. Қирғизҳо аҳдшиканӣ карданд

Задухӯрд миёни сарҳадбонони тоҷику қирғиз  аз соати 12:00 то соати 14:15 идома ёфтааст.

Бино бар иттилои “Азия –Плюс”, дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар марз бо Қирғизистон, мавзеи “Пули Офтобруӣ”, ки 10-километр дуртар аз маркази ин ҷамоат воқеъ аст, миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сар задааст.

Гуфта мешавад, ки задухӯрд пас аз вуруди марзбонони қирғиз ба қаламрави зери назорати марзбонони тоҷик оғоз шудааст.

«Сарҳадбонони қирғиз ба қаламрави мо гузаштанд, он ҷойро низомиёни мо посбонӣ мекунанд. Нахуст ба онҳо ҳушдор дода шуд, ки ин қаламравро тарк кунанд, аммо онҳо ба талаби низомиёни мо беэътиноӣ карданд», — иттилоъ медиҳад “Азия – Плюс” дар такя ба манбаи худ.

Миёни марзбонон аввал баҳси лафзӣ ба миён омада, сипас тирпаронӣ сурат гирифтааст.

Як марзбони тоҷик захмӣ ва  дар беморхона бистарӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳоло вазъи сиҳатии ӯ муътадил аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *