Зилзилаи 5,4 баллӣ дар Рашт даҳҳо хонаро вайрон кард

Зилзтлае, ки дирӯз дар минтақаи Рашти Тоҷикистон ба амал омад, даҳҳо хонаро вайрон кардааст. Масъулони ҳукумат дар ин минтқа ба расонаҳо гуфтаанд, зилзила даҳҳо хонаро дар ин минтақа хароб карда, ба сокинон он хисорати ҷиддӣ расондааст.

Ба ҳисоби Хадамоти геологии ИМА (USGS) 1-уми июл дар Тоҷикистон заминларзаи 5,4 баллӣ руй додааст.
Гуфта мешавад, ин заминҷунбӣ соати 19:58 ба вақти Душанбе ба вақуъ пайваста, марказаш 27 килметрии шимолу шарқи Ғарм ва 165 километрии шимолу шарқи шаҳри  Душанба  ҳаст.
Ин маркази зилзиласанҷӣ такид кардааст, ки ба ҳисоби ҷадвали Рихтер ба 5,4 балл баробар будааст.

Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфта, иқтидори заминларза дар шаҳри Душанбе ба 2, дар Ғарм, 4,5 ва дар маркарзаш 5,6 балл баробар аст.

Дар як моҳи ахир чандин мавриди заминларза дар Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистону Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *