Боздид аз урдугоҳҳои муваққатӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон
Намояндагони ташкилоти байналмилалии «ЮНИСЕФ», хазинаи Агенти Оғохон оид ба макони зист, Раёсати СММ дар умури паноҳандагон аз урдугоҳҳо барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, ки дар қаламрави Хадамоти зиддижолаи КҲФ дар деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир мебошад, дидан карданд.
Бино ба иттилои КҲФ, меҳмононро муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник С. Исозода ҳамроҳӣ кард.
— Маврид ба зикр аст, ки бошишгоҳ бо 64 хаймаи чӯбкоришуда, нерӯи барқ, хати оби нушокӣ, ошхона, хаммом таъмин карда шудааст. Сохтмон дар ин бошишгоҳи муваққатӣ ҳамоно идома дорад,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ