Боздиди беш аз 1 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дар 9 моҳ
Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 17,3 дарсад зиёд шудааст.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз кишвар беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ боздид кардааст.
Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3 фоиз зиёд аст.
Аксари шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин давра ба Тоҷикистон омадаанд, аз Узбекистон буда, шумораи онҳо беш аз 746,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Инчунин, дар ин давра сайёҳон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин, Афғонистон ва Эрон ба Тоҷикистон омадаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ