Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Қасри ас-Салом

 4 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт аз Осорхонаи Қасри ас-Салом, ки дар минтақаи Шувайхи шаҳри Ал-Кувайт воқеъ гардидааст, боздид намуд.

“Ба меҳмони олимақом дар хусуси таърихи бунёди ин иншооти фарҳангиву таърихӣ, ки сохтмонаш соли 1960 ҳамчун қароргоҳи амир дар замони ҳукмронии собиқ амири Кувайт, марҳум Шайх Абдулло Ас-Салом Ас-Сабоҳ шурӯъ гардида буд, иттилоъ дода шуд. Аммо, чанде пас дар соли 1961, пас аз эълон шудани соҳибистиқлолии кишвар, бинобар зарурати бунёди қароргоҳи пазироии меҳмони расмии сатҳи олӣ ва баланд, ба ангораи сохтмони қаср тағйирот ворид карда шуд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари  давлат.

Гуфта мешавад, ки соли 2019 баъд аз ба анҷоми корҳои сохтмонӣ ва тармимӣ дар қаср осорхонаи таърихиву фарҳангӣ ҷойгир карда шуд, ки бозгӯйи марҳалаҳои замонии гуногуни таърихи 300- солаи   Кувайт буда, дар он маҷмӯи нодири осорҳои таърихӣ ва нигораҳои мероси фарҳанги миллӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.

Осорхона бо технологияҳои муосири намоиш муҷаҳҳазонида шудааст, ки имкони муаррифии таърихи Кувайтро ба таври навоварона медиҳанд.

Дар фарҷоми боздид аз осорхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо таманниёти шукуфоии бештари кишвари дӯст ва таҳкими муносибатҳои неки ду давлат, дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *