Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» дар Ховалинг

Дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» боздид намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» дар ноҳияи Ховалинг дар самти парваришу истеҳсоли сабзавот ва дигар намуди зироат таҷрибаи бой дошта, дар роҳи расидан ба яке аз 4 ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста мегузорад. Ин хоҷагӣ соли 2017 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,8 гектар замин, аз ҷумла 1,8 гектар замини обӣ ва 4 нафар саҳмдор дорад. Самти асосии фаъолияти хоҷагидорон сабзавоткорӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар заминҳои хоҷагӣ аксар намуди зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, картошакаю пиёз, карам, лаблабу, каду, лӯбиё, ҷуворимакка барои дон, ҷорӯб ва дигар маҳсулот ба назар мерасад.

Гуфта мешавад, ки хоҷагидорон соли гузашта 1 тонна пиёз, 2 тонна картошка, 1 тонна гандум ҷамъоварӣ намуда, дар ин баробар лӯбиёдонагӣ ва помидору бодиринг низ истеҳсол ва ба миқдори зарурӣ дар қуттиҳои шартӣ захира намудаанд.

— Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти корҳои агротехникӣ ва кишту парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» ба фаъолияти аҳли заҳмат дар самти риояи маданияти баланди истифодабарии замин баҳои баланд дода, барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *