Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии “Ёл”

Имрӯз, 26 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз Отряди сарҳадии “Ёл” боздид ба амал овард.

Бино бар иттилои Хадамоти матбуоти Президенти  Тоҷикистон, дар Отряди сарҳадии “Ёл” барои сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд, муосиртарин шароити хизмат ва будубош фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 1957 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Дидбонгоҳи сарҳадии “Ёл” бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардида буд.

Соли 2022 бо дарназардошти афзоиши хатару таҳдидҳо, аз ҷумла амалҳои террористию эктремистӣ ва фаъолгардии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар минтақа ва ҷаҳон ҳайати Отряди сарҳадии “Шамсиддини Шоҳин”-ро ба дидбонгоҳи “Ёл” кӯчонида, он ба Отряди сарҳадии “Ёл” табдил дода шуд.

Ҳамзамон Отряди сарҳадии “Шамсиддини Шоҳин” ба коммендатураи “Шамсиддини Шоҳин” табдил дода шуда, дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он бо ҳайати нав ва муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда мешавад.

Дар ҳудуди Отряди сарҳадии “Ёл” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои сарбозону афсарон, хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи либосшӯӣ, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ мавҷуд мебошад.

Дар робита ба авзои имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти давлату миллатҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсаронро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ҳидоят намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *